Тоҷикистону Русия дар бораи намои театри Маяковский дар Душанбе ба мувофиқа расиданд

Муовини вазири фарҳанги Тоҷикистон китобчаеро бо аксҳои намои ояндаи театри Маяковский нишон дод: Иншоот рангоранг ва дусатҳӣ хоҳад буд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 22 июл — Sputnik. Тоҷикистону Русия дар мавриди намои бинои нави театр ба номи Владимир Маяковский, ки дар Душанбе сохта мешавад, ба мувофиқа расиданд.
Дар ин бора муовини вазири фарҳанги кишвар Манучеҳр Шарифзода хабар дод.
Гуфта мешавад, ки дар толори он ҳудуди 500 нафарро ҷойгир карда мешавад ва таҷҳизоти он монанди ба театри Набережные Челни хоҳад буд.
Муовини вазир инчунин китобчаеро намоиш дод, ки дар он тасвирҳои намои ояндаи театр дида мешуд. Бино бо рангҳои равшан сохта шуда, ба ду сатҳ тақсим мешавад.
Бархе тафсилоти созишномаи бунёди театри ба номи Маяковский дар Душанбе маълум шуд
Сатҳи якум бо сутунҳо оро дода мешавад, ки дар байни онҳо ороишҳо бо услуби миллӣ насб карда мешаванд. Дар ошёнаи дуюм майдони калони шишагӣ ва балкон ба нақша гирифта шудааст, ки болои сутунҳо меистад.
Хотиррасон менамоем, ки бинои куҳнаи Театри драмавии русии ба номи. Владимир Маяковский соли 2016 дар Душанбе тахриб шуда буд.
Дар поёни соли 2023 дар ҷаласаи комиссияи байниҳукуматии ду кишвар созишнома дар бораи бунёди бинои нави театр ба имзо расид. Дар моҳи апрели соли ҷорӣ вакилони палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон ин санадро ба тасвиб расонданд.