Донишҷӯёни тоҷик дар "Донишгоҳи тобистона"-и Қазон давраи омӯзиш мегузаранд

Барномаи Донишгоҳи федералии Қазон (Волга) ба чаҳор ришта тақсим шудааст: илмҳои табиӣ, муҳандисӣ, иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва гуманитарӣ
Sputnik
ДУШАНБЕ, 21 июл — Sputnik. Ҷавонони Тоҷикистон барои таҳсили иловагӣ ба Қазон рафтанд. Қарор аст, ки онҳо курси "Донишгоҳи тобистона"-ро аз худ кунанд.
Дар ин бора дафтари матбуоти Россотрудничество хабар додааст.
Лоиҳаи чоруми байналмилалии таълимии "Донишгоҳи тобистона" имрӯзҳо дар се донишгоҳи пешбари Русия, аз ҷумла Донишгоҳи федералии Қазон (Волга) баргузор мешавад.
Дар миёни ширкаткунандагони пойтахти Тотористон 23 ҷавони тоҷик аз Донишгоҳи Русияву Тоҷикистон (славянӣ) ва Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон низ ҳастанд.
Дар маҷмӯъ, дар ин чорабинӣ 1200 донишҷӯ аз 22 кишвар ширкат мекунанд.
Барнома ба чаҳор ришта тақсим шудааст: илмҳои табиӣ, муҳандисӣ, иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва гуманитарӣ.
Донишҷӯёни тоҷик фарҳанги миллии худро дар шаҳри Қазон муаррифӣ намуданд
Ҷавонони хориҷӣ дар семинарҳои интерактивӣ, тренингҳо ва тавлиди ғояҳои лоиҳа иштирок мекунанд.
Донишҷӯи ДСРТ Фариза Ҷамирова ва тими ӯ лоиҳаро дар мавзӯи БРИКС дифоъ намуда, дар озмуни ғояҳо мақоми аввалро касб карданд. Вай эҳсосоти худро бо хонаи русҳо дар Душанбе нақл кард.
"Ҳамчун мутахассиси ояндаи муносибатҳои байналмилалӣ барои ман хеле муҳим буд, ки ба ин муҳити гуногунфарҳангӣ ворид шавам. Мо ва дигарон аз кишварҳои гуногун манфиатҳо ва мавзӯъҳои муштарак пайдо кардам, ки хеле боиси рушд мешавад",- гуфт номбурда.
Ба гуфтаи тарроҳи оянда Фаёзбек Ғафаров, Қазон шаҳри бароҳати сермиллат бо меъмории нотакрор аст.
Ҳукумати Русия созишнома дар бораи бунёди як маркази байналмилалии таълимии кӯдакони лаёқатманд дар Тоҷикистонро ба тасвиб расонд. Қарорро аллакай нахуствазири Русия Михаил Мишустин имзо кардааст.