Душанбе, 21 июл — Sputnik. Исроил шаби гузашта ба мавзеъҳои ҳусиҳо дар шаҳри бандарии Ҳудайда, воқеъ дар ғарби Яман ҳамлаҳои ҳавоӣ анҷом додаанд.
Инро расман артиш ва сарвазири ин кишвар Нетаняҳу тасдиқ карда, онро ҷавоб ба ҳамалоти ахири Ҳусиҳо хондаанд.
Гуфта мешавад, ки дар ин амалиёт то 12 ҷангандаи пешрафта ширкат карда, зарбаҳо ба анборҳои нафт исобат шудааст.
Ба гуфтаи Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ҳамла ба бандари Ҳудейда посухи мустақим ба ҳамлаи ҳавопаймои бесарнишини "Ансоруллоҳ" ба Тел-Авив ва ҳамчунин садҳо ҳамлаи дигар буд.
Баъд вай изҳор намуд, ки Исроил амнияти худро бо ҳар восита дар тамоми ҷабаҳот муҳофизат мекунад.
Тавре хабаргузории SABA бо истинод ба вазорати тандурустии ҳукумати ҷунбиши "Ансоруллоҳ" хабар медиҳад, бино ба маълумоти муқаддамотӣ, дар ин ҳамла 80 нафар маҷрӯҳ шудаанд, ки аксари онҳо бар асари сӯхторҳои шадид будааст.
Дар ҳамин ҳол ҷунбиши "Ансоруллоҳ"-и Яман гуфт, ки ба ҳамлаҳои ҳавоии Исроил ба Ҳудайда посухи қатъӣ хоҳад дод.
Дар ин бора сухангӯи артиши Ҳусиҳо Яҳё Сария изҳор дошт ва гуфт, ки нерӯҳои мусаллаҳи Яман тасдиқ мекунанд, ки ба ин таҷовузи бараҳна посух хоҳанд дод.
Сария афзуд, Ҳусиҳо аз амалиёти пуштибонӣ аз Ғазза даст намекашанд.
"Мавқеъи Яман дар масъалаи Ғазза устувор аст ва тағйир нахоҳад ёфт. Вокуниш ба ин тачовуз ногузир аст ва халки Яман аз тамоми куввахои бадкирдор тавонотар аст",- афзуд вай.
Муносибатҳои мураккаби байни Исроил ва Яман
Ҳусиҳо, ки бахши аъзами соҳилҳои Баҳри Сурхи Яманро дар ихтиёр доранд, пас аз авҷи низоъ дар Ховари Миёна ба ҳамла ба киштиҳои марбут ба Исроил шурӯъ карданд, ки боиси коҳиши ҳаракати боркашонӣ тавассути канали Суэтс шуд.
Онҳо ин амали худро ҳамчун кӯмак ба фаластиниҳо шарҳ медиҳанд ва иддао доранд, ки онҳо ба ҳаракти озоди киштиҳои дигар мамолик дар минтақа халал намерасонанд.
Кишварҳои арабӣ ва мусулмонӣ борҳо Амрикоро ҳушдор додаанд, ки пуштибонии бидуни қайд аз амалкарди Исроил дар навори Ғазза боиси густариши низоъ дар саросари минтақа хоҳад шуд.
Иёлоти Муттаҳида ва Британияи Кабир дар навбати худ ба зарбаҳои ҳадафҳои Ҳусиҳо дар нимаи моҳи январ шурӯъ карданд.
Узви Шӯрои олии сиёсии ҷунбиши "Ансоруллоҳ" Муҳаммад Алӣ ал-Ҳусӣ ин ҳамлаҳоро ваҳшиёнаи террористӣ, таҷовузи қасдан ва беасос номид.