ДУШАНБЕ, 20 июл — Sputnik. Асъори амрикоӣ дар қиболи сомонии тоҷикӣ раванди беқурбшавиро аз сар мегузаронад.
Дар ин бора раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода зимни як ҷаласаи ҳисоботияш изҳор дошт, хабар медиҳад дафтари матбуоти ин ниҳод.
Ба иттилои манбаъ, зарфи шаш моҳ қурби расмии миёнадавраи доллари ИМА нисбат ба сомонӣ дар ин давра ба андозаи 2,7 % устувор гардида, дар ҳамин давраи соли гузашта ин нишондиҳанда 7,0% коҳиш доштааст.
Бар асоси нишондоди ахири ин ниҳод ҳоло дар кишвар бар ивази ҳар доллар 10,6 сомонӣ медиҳанд.
Раиси БМТ гуфтааст, ки бо мақсади таъмини муътадилии вазъи бозори дохилии асъор бонк сиёсати қурбиро дар реҷаи “шинокунандаи танзимшаванда, бе муайян ва эълон кардани ҳудудҳои тағйирёбии қурб” ҷиҳати татбиқи сиёсати пулию қарзӣ ва идора намудани ҳаҷми захираҳои байналмилалӣ амалӣ карда истодааст.
Толибзода таъкид кардааст, ки новобаста ба фазои мураккаби сиёсиву иқтисодии ҷаҳон ва идомаёбии номуайяниҳои молиявӣ, тайи шаш моҳ пешравиҳои назаррас дар ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ба қайд гирифта шуда, рушди босуботи иқтисодиву молиявӣ дар сатҳи зарурӣ таъмин гардид.
Ба гуфтаи бонкдор, ҷиҳати татбиқи сиёсати пулию қарзӣ ва таъмини устувории низоми бонкӣ дар ҳамкорӣ бо дигар ниҳодҳои дахлдори кишвар, раванди ислоҳоти соҳаи бонкдориро бо мақсади баланд бардоштани рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар идома дода истодааст.