ДУШАНБЕ, 19 июл — Sputnik. Яке аз корхонаи Троитск (вилояти Челябинск) ба Тоҷикистон 1,3 тонна яхмос содирот хоҳад кард, иттилоъ додааст хабаргузории “uralpress”.
Ба иттилои манбаъ яхмос ин миқдори яхмос ба Тоҷикистон тавассути наклиёти автомобили интиқол дода мешавад.
Ба гуфтаи мутахассисони Раёсати байниминтақавии Урал “Россельхознадзор”, истеҳсолкунанда ба феҳристи корхонаҳое дохил шудааст, ки аз санҷиши байторию санитарӣ барои мутобиқат ба талаботи кишварҳои сеюм гузаштаанд.
Ёдовар мешавем, ки тибқи агентии омори кишвар Русия шарики асосии тиҷории Тоҷикистон боқӣ мемонад.
Ҳаҷми табодули коло бо Русия дар нимаи аввали соли 2024 дар муқоиса бо дигар кишварҳо афзоиш ёфтааст.
Ба иттилои Агентии омори назди президенти Тоҷикистон табодули колои ҷумҳурӣ бо Русия дар ин давра ба 968,5 миллион доллар расидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 14,1% афзоиш ёфтааст.
Тибқи гузориши агентӣ, воридот аз Русия дар нимаи аввали соли равон 909,9 млн долларро ташкил дод.
Содирот ба Русия 58,6 млн долларро ташкил дод, ки 26,6% тамоми молҳоро дарбар мегирад, ки аз хориҷа ба Точикистон ворид мешуданд.
Чин аз рӯи ҳаҷми табодули коло бо Тоҷикистон дар ҷои дуюм қарор гирифтааст – гардиши мол 877,5 млн долларро ташкил дод, ки нисбат ба шаш моҳи соли гузашта 24,6% афзоиш ёфтааст.
Қазоқистон дар ҷои севум қарор гирифтааст – табодули колои ин ҷумҳурӣ бо Тоҷикистон дар моҳҳои январ-июни соли равон ба 668,9 млн доллар расид, ки 19,5% афзоиш ёфтааст.
Дар авохири соли гузашта гардиши мол миёни Русия ва Тоҷикистон, ба гуфтаи ҷониби Тоҷикистон, ҳудуди 1,8 млрд долларро ташкил додааст, ки ин арқом таърихӣ аст.