ДУШАНБЕ, 16 июл — Sputnik. Дар ҳамлаи террористӣ дар толори консертии “Crocus City Hall” дар наздикии Маскав шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ, Аврупо ва Русия даст доштаанд.
Дар ин бора роҳбари “Росфинмониторинг” Юрий Чиханчин зимни суханронӣ дар Шӯрои Федератсия Русия хабар дод.
"Дар бораи “Крокус”, ман ҳоло зиёд намегӯям, зеро тафтишот идома дорад. Аммо ман гуфта метавонам, ки ин амал бешубҳа аз сӯи як тими байналмиллалӣ бо иштироки намояндагони кишварҳои гуногун анҷом ёфтааст. Миёни онҳо намояндагони кишварҳои Осиёи Марказӣ, кишварҳои аврупоӣ ва Русия хеле зиёд ҳастанд”, - гуфт Чиханчин дар ҷаласаи васеи Кумитаи Шӯрои Федератсия Русия оид ба буҷет ва бозорҳои молиявӣ.
Пештар роҳбари “Росфинмониторинг” гуфта буд, ки ҳамлагарон ба Крокус тавассути созмонҳои сершумори молиявӣ, ҷумла крипта маблағгузорӣ шудаанд.
Ҳамлаи террористӣ дар Крокус Сити Холл
Рӯзи 22 март дар толори консертии Крокус Сити Холл, воқеъ дар шимолу ғарби Маскав тирпарронӣ рух дод.
Чанд нафар ва бидуни ниқоб вориди бинои марказӣ шуданд. Онҳо ба рӯи одамон тирандозӣ карданд ва баъд аз он курсиҳои толорро оташ заданду инчунин норинҷакҳои оташзо партоб намуданд, ки боиси сӯхтори шадид ва қисман фурӯ рехтани бино гардид.
Тибқи маълумоти охирини Кумитаи тафтишоти Русия, дар натиҷаи ҳамлаи террористӣ дар Крокус беш аз 140 нафар кушта шудаанд, ки шаш нафари онҳо кӯдакон мебошанд.
Ҷинояткорон субҳи барвақти 23 март дар вилояти Брянск дар наздикии марз бо Украина боздошт шуданд.
Ҳар чор нафар зодаи Тоҷикистон мебошанд. Баъдтар тафтишот муайян кард, ки пеш аз ҳамлаи хунин ду нафар аз ин террористҳо аз Истанбул боздид карданд.
Имкон дорад, раҳбари эҳтимолии ин гурӯҳ бо доираҳои тундгаро дар Туркия робита дошта бошанд. Тибқи як фарзия дигар, маҳз дар он ҷо яке аз онҳо барои анҷоми ҳамлаи террористӣ омӯзиши зарурӣ гирифтааст.
Дар маҷмӯъ, дар робита ба ҳамлаи террористӣ дар Крокус 12 гумонбар боздошт шудааст. Ҳамаи онҳо ба рӯйхати террористони Росфинмониторинг шомил шудаанд. Чанд нафари дигар бо гумони даст доштан дар ин ҳодиса низ боздошт шудаанд.
Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, зимни муроҷиати худ ба шаҳрвандон қайд кард, ки баъд аз ҳамлаи террористӣ ҷинояткорон ба самти Украина ҳаракат мекарданд, ки дар он ҷо барои онҳо як "долон"-и вижа омода карда шуда буд. Вай таъкид кард, ки ҳеҷ яке аз ширкаткунандагон набояд аз ҷазои одилона раҳо ёбад.
Путин таваҷҷуҳро ба он ҷалб кард, ки дар паси ҳамлаҳои террористӣ дар манотиқи мухталифи ҷаҳон "на танҳо гурӯҳҳои тундгаро, балки хадамотҳои вижаи баъзе аз кишварҳо низ даст доранд".
Мақсади онҳо вайрон кардани асосҳои конститутсионӣ ва ноором кардани давлатҳои соҳибихтиёр, инчунин барангехтани кинаю адоват байни миллатҳо ва динҳо аст.