Дар Хатлон қарздорӣ аз маошу нафақа нест

Мақомоти Хатлон иддао дорад, ки дар ҳоли ҳозир дар ташкилоту муассисаҳои буҷетии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон қарздорӣ аз музди маош ва фонди нафақа нест
Sputnik
ДУШАНБЕ, 16 июл — Sputnik. Ба ҳолати 1 июли соли 2024 дар ташкилоту муассисаҳои буҷетии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон қарздорӣ аз музди маош ва фонди нафақа ба қайд гирифта нашудааст.
Дар ин бора рӯзномаи “Хатлон” дар истинод ба Мақомоти вилоят Хатлон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, бо Фармони навбатии Президенти Тоҷикистон аз 9 январи соли равон, маоши вазифавии кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои соҳаҳои маориф, илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва ташкилотҳои дигари буҷетӣ, нафақа ва стипендия аз 1 июли соли 2024 ба андозаи аз 30% то 40% зиёд гардидааст.
Қайд карда шудааст, ки таъмини маблағгузории зиёдшавии музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷетӣ, нафақа ва стипендия пурра аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ амалӣ гардида, барои ин мақсад беш аз 2 млрд сомонӣ маблағҳои иловагӣ равона карда мешавад.
Раҳмон дар нишасти Шурои миллии рушд аз коҳиши фақру болоравии маош гуфт
Ёдовар мешавем, ки дар соли 2023 музди миёнаи маоши коркунон дар Тоҷикистон 2013,11 сомониро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2022 (ки он 1760,29 сомонӣ буд) 251,82 сомонӣ ё 14,3% зиёд мебошад.
Ба гуфтаи хонум вазир, маоши камтаринро дар ин давра, кормандони бахши кишоварзӣ, шикор, ҷангал ва моҳипарварӣ, ки 811,73 сомониро ташкил медод, гирифтаанд. Аммо маоши аз ҳама баландро кормандони “соҳаҳои истихроҷи канданиҳои фоиданок – 3646,93 сомонӣ, таъмини нерӯи барқ, газ, буғ ва хунуккунии ҳаво – 3634,06 сомонӣ, сохтмон – 3004,98 сомонӣ, маориф – 1645,82 сомонӣ ва дар тандурустӣ– 1344,81 сомонӣ” гирфтаанд.