Лоиҳаи таъсиси маркази кӯдакони лаёқатманд дар Тоҷикистон ба парлумони Русия пешниҳод шуд

Маркази кӯдакони лаёқатманд фаъолияти таълимиро тибқи стандартҳои федералии давлатии Русия ва Тоҷикистон анҷом медиҳад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 15 июл — Sputnik. Ҳукумати Русия созишнома дар бораи таъсиси маркази байналмилалии таълимӣ барои кӯдакони лаёқатманд дар Тоҷикистонро барои тасвиб ба Думаи давлатӣ пешниҳод кардааст.
Ҳамин тариқ, лоиҳа дар пойгоҳи электронии Дума ҷойгир карда шудааст.
"Созишнома байни ҳукуматҳои Русия ва Тоҷикистон дар бораи шартҳои сохтмон, бунёд ва фаъолияти Маркази байналмилалии таълимӣ барои кӯдакони лаёқатманд ба тасвиб расонида шавад", - гуфта мешавад дар санад.
Гуфта мешавад, ки марказ фаъолияти таълимиро аз рӯи барномаҳои таҳсилоти иловагии умумӣ, инчунин таҳсилоти ибтидоии умумӣ, умумӣ ва миёнаи умумиро тибқи стандартҳои таълимии Русия ва стандартҳои давлатии таълимии Тоҷикистон амалӣ хоҳад кард.
Русия аз бунёди маркази кӯдакони лаёқатманд дар Душанбе пуштибонӣ кард
Муассисони ин марказ вазорати маорифи Русия, вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ва Бунёди таълимии “Истеъдод ва муваффақият” мебошанд.
Ёдовар мешавем, ки созишнома дар бораи бунёди маркази байналмилалии кӯдакони лаёқатманд дар Душанбе дар чаҳорчӯби ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии ҳамкориҳои иқтисодӣ миёни Русия ва Тоҷикистон ба имзо расид.
Имзои ин созишномаро муовини раиси ҳукумати Русия Марат Хуснуллин ва сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ҷонибдорӣ карданд.
Ташаббус ба президенти Русия Владимир Путин тааллуқ дорад. Қарор аст, ки кӯдаконро дар ин марказ ба забони русӣ таълим диҳанд.