ДУШАНБЕ, 15 июл — Sputnik. Дар мулоқоти раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва гуруҳи мутахассисони чинӣ бо роҳбарии Чэн Хэ, президенти институти илмиву муҳандисӣ ва таҳқиқотии шаҳри Пекин масъалаи бунёди роҳи оҳани Спитамен-Истаравшан ва Спитамен-Истиқлол ба масофаи умумии 171 км мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Дар ин бора дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, зимни мулоқот раиси вилояти Суғд қайд кардааст, ки бунёди роҳи оҳан дар хатсайрҳои зикршуда барои иқтисодиёти Тоҷикистон муҳим буда, дар сурати бунёду мавриди истифода қарор гирифтан роҳи оҳан ба рушди иқтисод мусоидат хоҳад кард.
“Тарафҳо ба мувофиқа расиданд, ки нахуст мутахассисону муҳандисон ва лоиҳакашон корҳои омӯзиширо гузаронанд ва сипас аз рӯи натиҷаҳои омӯзишу баррасиҳо барои бунёди роҳи оҳан тасмим гирифта хоҳад шуд”, - таъкид кардааст манбаъ.
Тарафҳо дар ин мулоқот аз таҳкими робитаҳои дӯстонаи миёни ду кишвари дӯст Тоҷикистону Чин изҳори хушнудӣ намуданд.
“Соҳаи нақлиёту коммуникатсия яке аз самҳоти авлавиятнок дар робитаҳои ду кишвар арзёбӣ шуда, дар солҳои соҳибистиқлолӣ Тоҷикистону Чин дар ин самт як қатор лоиҳаҳои муҳимро амалӣ намуданд”, - гуфт раиси вилояти Суғд.
Раҷаббой Аҳмадзода зимни мулоқот зикр кардааст, ки ҳамкориҳо дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла саноат, нақлиёт, энергетика, илму маориф тавсеа ёфта истодааст.