Сӯиқасд ба Трамп ҳангоми суханронӣ дар Пенсилвания - видео

Пас аз тирпарронӣ президенти пешини ИМА Доналд Трамп суханронии худро дар назди тарафдорон қатъ кард. Сиёсатмадор бо гӯши хунолуд саҳнаро тарк кард.
Sputnik
ДУШАНБЕ, 14 июл — Sputnik. Алайҳи Доналд Трамп рӯзи шанбе ҳангоми суханронияш дар як маъракаи пешазинтихоботӣ дар Пенсилвания сӯиқасд шуд, хабар медиҳад РИА Новости.
Суханронӣ дар назди тарафдорон дар шаҳри Батлер ҳамагӣ чанд дақиқа давом кард ва вақте сиёсатмадор дар бораи мушкилоти муҳоҷирати ғайриқонунӣ сухан гуфт, ғайричашмдошт қатъ шуд.
Садои тирпарронӣ шунида шуд ва пас аз он Трамп, ки дар саҳна буд, хомӯш монд ва даст ба гӯшаш гузошту дар минбар нишаст. Муҳофизон ӯро ихота карданд.
Пас аз чанд дақиқа маъмурони амниятӣ раисиҷумҳури собиқро, ки гӯши росташ хунолуд буд, аз саҳна гусел карданд.
Ба гуфтаи котиби матбуотии номзад ба мақоми президентии ИМА Стивен Чун, сиёсатмадор дар бемористони Пенсилвания аз муоинаи тиббӣ гузаштааст. Трамп баъдан гуфт, ки аз гӯшаш тир хӯрд ва хуни зиёде аз даст додааст.
Бино ба иттилои портали BNO News, Трамп аллакай аз муассисаи тиббӣ ҷавоб дода шудааст. Вай ният дорад, ки ба анҷумани дар пешистодаи ҷумҳурихоҳон дар Висконсин ҳамроҳ шавад.
Дар натиҷаи ин ҳодиса як тамошобини гирдиҳамоии интихоботӣ кушта ва ду нафари дигар ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардоштанд. Тирандоз аз байн бурда шуд.
Трамп ваъда дод, ки муноқишаи Украинаро қабл аз савгандёдкунӣ ҳал хоҳад кард
Ба иттилои ФБР гумонбар дар тирпарронӣ ҷавони 20-сола аз Пенсилвания будааст. Тибқи иттилои New York Post, номи ӯ Томас Мэттью Крукс аст.
Корманди вижа Кевин Роҷак гуфт, тирпарронӣ дар гирдиҳамоии Трамп ҳамчун сӯиқасд ба ҷони ӯ арзёбӣ мешавад.
Сухангӯи ФБР гуфт, мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ИМА дар бораи омодагии сӯиқасд ба ҷони президенти пешини Доналд Трамп маълумоти пешакӣ надоштанд.
Кумитаи назорат ва масъулиятшиносии Маҷлиси намояндагон тафтишотро оғоз кардааст ва баррасии он рӯзи 22 июл дар назар аст.