ДУШАНБЕ, 13 июл — Sputnik. Ҳукумати Русия созишнома дар бораи бунёди як маркази байналмилалии таълимии кӯдакони лаёқатманд дар Тоҷикистонро ба тасвиб расонд.
Дар ин бора дар қарори Девони вазирони Федератсияи Русия, ки дар портали расмии иттилооти ҳуқуқӣ нашр шудааст, гуфта мешавад.
"Созишнома миёни [Русия ва Тоҷикистон] дар бораи шартҳои таъсис ва фаъолияти Маркази байналмилалии таълимии кӯдакони лаёқатманд дар ҷумҳурӣ тасдиқ карда шавад", - гуфта мешавад дар ҳуҷҷат.
Қарорро нахуствазири Русия Михаил Мишустин имзо кардааст.
Сарвари ҳукумат ҳамчунин дастур дод, ки лоиҳаи қонун дар бораи тасвиби созишнома ба Думаи давлатӣ пешниҳод шавад. Муовини вазири маорифи Федератсияи Русия Денис Грибов намояндаи расмӣ таъин шуд.
Ёдовар мешавем, ки созишнома дар бораи бунёди маркази байналмилалии кӯдакони лаёқатманд дар Душанбе дар чаҳорчӯби ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии ҳамкориҳои иқтисодӣ миёни Федератсияи Русия ва Тоҷикистон ба имзо расид.
Ин чорабинӣ миёнаҳои моҳи декабри соли гузашта дар макони баргузории Намоишгоҳ ва Анҷумани байналмилалии "Русия" дар Маскав баргузор шуд.
Аз ин созишнома муовини раиси ҳукумати Федератсияи Русия Марат Хуснуллин ва сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ҷонибдорӣ карданд.
Тавре Грибов қаблан ба Sputnik Тоҷикистон изҳор дошт, сохтмони маркази "Сириус" барои кӯдакони лаёқатманд дар Душанбе метавонад то охири соли 2024 оғоз шавад. Ташаббус ба президенти Русия Владимир Путин тааллуқ дорад. Қарор аст, ки кӯдакон ба забони русӣ таълим диҳанд.