ДУШАНБЕ, 13 июл — Sputnik. Масъуди Пизишкиён раиси ҷумҳури Эрон, ки ҳафтаи гузашта интихоб шуд, гуфт, Русия як шарики стратегии арзишманд ва ҳамсояи Эрон аст, ки кишвараш ба густариш ва таҳкими ҳамкориҳо бо он идома медиҳад.
"Русия як шарики арзишманди стратегӣ ва ҳамсояи Эрон аст ва маъмурияти ман ҳамкориҳои моро тавсеа ва таҳким хоҳад дод" иқтибос овард рӯзномаи Tehran Times аз суханронии Пизишкиён.
Раиси ҷумҳури нав таъкид кард, ки Эрон ба ҳамкорӣ бо Русия, бахусус дар чаҳорчӯби БРИКС, СҲШ ва ИИАО авлавият хоҳад дод.
Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин ва Масъуд Пизишкиён рӯзи 8 июл гуфтугӯи телефонӣ анҷом дода, дар ҷараёни он раҳбари Русия ҳамтои эронии худро бо пирӯзиаш дар интихобот табрик гуфта буд.
Хабаргузории ISNA иттилоъ дод, ки Пезешкиён омодагии худро барои имзои як созишномаи фарогир дар ҳошияи нишасти БРИКС, ки моҳи октябр баргузор мешавад, эълон кард.
Хабаргузории ISNA иттилоъ дод, ки Пезешкиён омодагии худро барои имзои як созишномаи фарогир дар ҳошияи нишасти БРИКС, ки моҳи октябр баргузор мешавад, эълон кард.
Ёдовар мешавем, ки Масъуди Пизишкиён аз маҷмӯъи 30, млн раъй, тавонист бо касби 16,3 млн раъй, нӯҳумин раисҷумҳури мунтахаби Эрон шавад.
Ӯ мутаваллиди 1333 шамсӣ ва дорои мадраки фавқитахассуси ҷарроҳии қалб аст.
Пизишкиён пеш аз ин илова бар 5 давра намояндагии мардуми Табриз, Озаршаҳр ва Аску (устони Озарбойҷони шарқӣ) дар Маҷлиси шӯрои исломии Эрон ва сарпарастии Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эронро низ дар корномаи худ дорад.