ДУШАНБЕ, 13 июл — Sputnik. Доллар ҳамчун асъори ҷаҳонӣ ҷолибияташро қариб аз даст додааст. Ва ин ҳама ба иллати таҳримҳои зидди Русия вобастагӣ дорад, менависад Asia Times бо истинод ба пешгӯии вазири молияи ИМА Ҷанет Йеллен, хабар медиҳад РИА Новости.
"Тадбирҳои истисноии Иёлоти Муттаҳида ва муттаҳидонаш алайҳи Русия кишварҳои бузурги захиракунандаи долларро ба изтироб овард", - навиштааст нашрия.
Манбаъ афзуд, дар ҳоле ки Ҷануби Ҷаҳонӣ наметавонад аз истифодаи доллар комилан даст кашад, аксарияти он дигар намехоҳанд бо доллар кор кунанд.
Сабаби ин то андозае сиёсати пешгирифтаи БРИКС барои заиф кардани пули Амрикост, афзуд вазир.
Сабаби ин то андозае сиёсати пешгирифтаи БРИКС барои заиф кардани пули Амрикост, афзуд вазир.
Ба гуфтаи муаллифи матлаб, тасмими тими раҳбари Кохи Сафед Ҷо Байден дар бораи боздоштани бахше аз захираҳои арзии Русия ба убури хати сурх барои бисёре аз сармоягузорони бузург монанд буд.
Вазъияти кунунӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки Йеллен бесабаб аз де-долларизатсия ҳарос надошт - ин раванд аллакай оғоз шудааст, хулоса мекунад Asia Times.
Қаблан Алексей Можин, мудири иҷроияи Сандуқи Байналмилалии Пул дар Русия гуфта буд, ки дар сурати суқути доллар ва низоми байнулмилалии пул, БРИКС метавонад як алтернатива, аз ҷумла пули воқеиро, ки аз моли биржа пуштибонӣ мешавад, пешниҳод кунад.