ДУШАНБЕ, 11 июл — Sputnik. Таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи саноат дар мулоқоти Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Шералӣ Кабир бо Вазири саноат ва савдои Русия Антон Алиханов дар шаҳри Екатеринбург дар доираи форуми байналмилалии саноатии "Иннопром -2024" баррасӣ гардид
Дар ин бора дафтари вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, дар мулоқот рушди муносиботи дуҷониба ва шарикии ду давлат, ки ба шарофати дастуру супоришҳои созандаи роҳбарияти олии ҳарду давлат ва ҳамкории зичи бахшҳои дахлдор таҳким меёбад, баррасӣ гардид.
Ҳамчунин ҷонибҳо дар бораи дурнамои барқарорсозии робитаҳои саноатӣ ва эҷоди занҷирҳои нави истеҳсолӣ, ки барои рушди иқтисодӣ ва некӯаҳволии аҳолӣ аҳамияти калидӣ доранд, табодули назар карданд.
Мақомдорони Тоҷикистону Русия ба масоили кооператсияи саноатӣ ва таҳияи лоиҳаҳои шарикӣ дар соҳаҳои гуногуни саноат, аз ҷумла маъданҳои куҳӣ ва нассоҷӣ, ки заминаи пешрафти минбаъда хоҳанд шуд, таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуданд.
Шералӣ Кабир ва Антон Алиханов доир ба муҳимияти рушди марказҳои нақлиётию логистикӣ, ки ба таҳкими савдо ва мубодилаи молу маҳсулот мусоидат менамояд, изҳори назар карданд.
Ҳарду ҷониб омодагии худро барои идомаи ҳамкории судманд ва амалӣ намудани ташаббусҳои нав, ки ба таҳкими робитаҳои иқтисодӣ нигаронида шудаанд, изҳор доштанд.
Таваҷҷуҳи махсус ба муҳокимаи нуктаҳои нақшаи ҳамкории Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон ва Вазорати саноат ва савдои Русия зоҳир карда шуд.
Қайд карда шудааст, ки дар доираи ин нақша, масъалаҳои таҳияи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаи саноат, бунёди иқтидорҳои нави истеҳсолӣ, беҳтар намудани шароит барои ҷалби сармоя ва табодули технология матраҳ гардид.
Ёдовар мешавем, ки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ҷиҳати иштирок дар Намоишгоҳи 14-уми байналмилалии саноатии "Innoprom", ки то 11 июл идома меёбад, дар шаҳри Екатеринбурги Федератсияи Русия қарор дорад.
Дар намоишгоҳ гӯшаи миллии саноатии Тоҷикистон ташкил гардида, дар он дастовардҳои саноатӣ ва технологияҳои инноватсионӣ, аз ҷумла соҳаи кишоварзӣ, нассоҷӣ, масолеҳи сохтмонӣ ва қаннодии беш аз 50 корхонаи пешқадами ватанӣ ба намоиш гузошта шудаанд.
Дар намоишгоҳ инчунин маҳсулот ва технологияҳое муаррифӣ мешаванд, ки ба стандартҳои байналмилалӣ ва талаботи бозори ҷаҳонӣ рақобатпазир ва ҷавобгӯ буда, бо сифати баланд ва аз лиҳози экологӣ тоза аллакай эътирофи байналмилалӣ пайдо кардаанд.