Таҳдиди муҳоҷирон: Русия дар хатар аст?....

Агар шумо як рӯзро дар шабакаҳои иҷтимоӣ сарф кунед, маълум мешавад, ки мо аз ҷониби муҳоҷирон ишғол, шиканҷа ва азоб дода шудаем. Ва ин корро бо мо гӯё ҳамин муҳоҷирони омада кардаанд.
Sputnik
ДУШАНБЕ, 11 июл — Sputnik, Виктория Никифорова. Мавзӯи муҳоҷирон дар Русия моҳҳои ахир ба таври ошкоро сиёсӣ шудааст. Ин хусусан баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ беш аз 30 сол давом дорад. Аз охири солҳои 80-ум инҷониб теъдоди муҳоҷирон дар Маскав, ки ронандагони таксӣ, фаррош, бинокорон, ронандагони автобусхо ва китобдорон, духтурҳо ва ронандагони метро кор мекарданд, кам намешуд. Ва муносибати хуб ҳам бо онҳо доштем. Давоми ин солҳо мо кишвари бошукӯҳе бунёд сохтем.
Ҳоло, агар шумо як рӯзро дар шабакаҳои иҷтимоӣ сарф кунед, маълум мешавад, ки мо аз ҷониби муҳоҷирон ишғол, шиканҷа ва азоб дода шудаем. Ва ин корро бо мо гӯё ҳамин муҳоҷирони омада кардаанд. Ва умуман, “ ин тавр зистан мумкин нест", аммо маълум ҳам нест, ки чӣ гуна зистанро давом диҳем.
Бале, муҳоҷирон мунтазам ба ахбороти ҷиноятӣ меафтанд, вале пештар ҳам онҳо ҷиноят содир мекарданд. Чаро ҳоло дар атрофи ин мавзӯъ ин қадар ғавғо вуҷуд дорад? Дар айни замон дар бораи меҳмонон танҳо дар сурате сухан рондан мумкин аст, ки агар ҳамроҳи дигарон якдилона дод занед. Ҳар гуна ақидаи дигар, ҳама гуна кӯшиши оромона фаҳмидани моҳияти кор, ҳар як пешниҳод барои ором кардани вазъ кафолат медиҳад, ки шумо ба сафи нописандидаҳо меафтед ва ғарқи танқиду мазаммат хоҳед шуд. Бо номи қалбакӣ ворид шудани ҳамагон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин гуна баҳсҳоро боз ҳам харобиовартар мекунад.
ВКД Русия: шумораи муҳоҷирони ғайриқонунӣ дар ҳоли афзоиш аст
Ва ин ҳама дар якҷоягӣ моҳияти сунъии ин мавзӯъро нишон медиҳад. Баъзе одамон воқеан мехоҳанд, ки онро таблиғ кунанд, барои дигарон хеле муҳим аст, ки мо дар ин ҷо бо чашмони хашмолуд сӯи ҳам нигарем ва ҳамдигарро маломат кунем. Савол ин аст - барои чӣ?
Не, ман намехоҳам бигӯям, ки муҳоҷирони корӣ ҷиноят содир намекунанд. Омори эълонкардаи раиси кумитаи тафтишотӣ Александр Бастрикин дар Форуми байналмилалии ҳуқуқӣ дар Санкт-Петербург ҷолиб аст. Ин як мушкили воқеӣ аст, мо бояд бо он мубориза барем. Усулҳои мубориза аёнанд - пеш аз ҳама, решакан кардани фасод дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, поксозии ширкатҳо ва шахсони алоҳида, ки муҳоҷиронро ғайриқонунӣ сабт мекунанд ва назорати ҳатмии рақамии ҳамаи онҳое, ки ба Русия меоянд. Ва, албатта, таҳаммули сифр ба ҷиноятҳои муҳоҷирон.
Проблема чиддист, вале онро ҳал кардан мумкин аст ва аллакай ҳал карданианд. Созмондиҳандагони муҳоҷирати ғайриқонунӣ муайян ва ба зиндон фиристода мешаванд ва имкони мусодираи амвол аз соҳибони манзилҳои “резинӣ” баррасӣ мешавад. Думаи давлатӣ чанд рӯз пеш васеъ кардани феҳристи сабабҳои ихроҷи хориҷиён аз Русияро тасдиқ кард. Аммо, агар шумо шабакаҳои иҷтимоиро хонед, чунин ба назар мерасад, ки иштирокчиёни баҳсҳо аслан намехоҳанд чизеро ҳал кунанд. Онҳо танҳо мехоҳанд,каъри худро рафъ кунанд.
Ва ҳамаи ин ба таври равшан хотираи бади охири солҳои 80-умро ба хотир меорад, ки дар ҷумҳуриҳои шӯравӣ маҳз бо ҳамин усулҳо миллатчигии асримиёнагӣ авҷ гирифта буд. Танҳо он вақт ба ҳама чиз "истилогарони рус" гунаҳкор буданд ва акнун ба ҳама чиз "омадагиҳо" айбдор таъин карда шуданд. Аммо механизми пешбурди кинаю адовати байни миллатҳо якхела аст. Агар он боздошта нашавад, тамоми кишварамонро несту нобуд мекунад.
Ихроҷи муҳоҷирони меҳнатӣ аз Русия ду баробар афзоиш ёфт
Сулҳ байни миллатҳо бароямон чизи муқаррарӣ менамояд. Сокинони кишварҳои собиқ шӯравӣ ҳам ҳангоми пора-пора кардани иттиҳод маҳз ҳамин хел фикрҳо доштанд. Аммо маълум шуд, ки ин сарвати бузурги ҷамъиятӣ аст, барои он мубориза бурдан, онро муҳофизат карда тавонистан лозим аст. Дар акси ҳол, мо ба ҷанги ҳама бар зидди ҳама дучор мешавем.
Ҳамаи ин корҳо назорати қатъии давлатиро талаб мекунанд. Интернатсионализми шӯравӣ, ки намояндагони садҳо миллатҳои гуногунро дар як халқи ягона муттаҳид мекард, бе фаъолияти равшан, мутобиқ ва беамони сохторҳои бехатарӣ имконнопазир мебуд. Бе эҳсосот онҳо миллатгароёни радикали украинӣ - бандеровчиён, пешвоёни хатарноки динӣ ва сектантҳоро тоза мекарданд.
Аммо нерӯҳои амниятӣ низ бе дастгирии ҷомеа ба ин қодир нестанд. Ва дар ин ҷо ҳамаи мо бояд эҳсосоти худро назорат кунем - таҳқирҳои беасос накунем, воҳима наандозем ва хабарҳоро филтр кунем.
Деколонизатсияи Русия марҳилаи дуюми расман эълоншудаи фурӯпошии кишвари мост. Дар Ғарб дарк карданд, ки моро бо кӯмаки Украина несту нобуд кардан мумкин нест. Ҳама гуна форумҳои халқҳои "мазлум", ки дар Аврупо барои намоишкорӣ гузаронда мешаванд, танҳо парда мебошанд. Аммо кори аслӣ дар шабакаҳои иҷтимоии мо анҷом дода мешавад.
Бортников: муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ ҳамалоти террористиро дар Русия омода мекарданд
Эҳтимол ба ёдоварист, ки яке аз радикалтарин ҳомиёни мардуми Русия аз муҳоҷирон пас аз аён шуданаш дар шабакаҳои иҷтимоӣ як ҳамҷинсгарои белорус баромад, ки ҳамешагӣ дар Лаҳистон ва ИМА зиндагӣ мекунад. Аз он ҷо ӯ моро муҳофизат мекард. Албатта, ташаккур, аммо мо худамон ин корро мекунем.
Ин умуман як тактикаи классикии англосаксҳоаст —"ҳимояи" як миллат аз миллати дигар. Покистониҳоро аз ҳиндуҳо, яҳудиёнро аз арабҳо, хорватҳоро аз сербҳо. Ё умуман, онҳо як мардумро гирифта, як қисми онро аз дигараш муҳофизат мекунанд, - украинҳоро аз русҳо ё Кореяи ҷанубиро аз Кореяи Шимолӣ. Шарҳ додан лозим нест, ки дар натиҷа "зерҳимояҳои" бадбахт даҳҳо сол боз бо душманони таъинкардаи худ мубориза бурда, хору зор мешаванд ва аммо Сэм-амак ба ин нигоҳ карда механдад.
Аммо рақибони мо ба қадри кофӣ доно ҳастанд, ки танҳо ба нуқтаҳои заиф, ки воқеан дар ҷомеа вуҷуд доранд, зарба мезананд. Мо мушкили ташкили ҷараёнҳои муҳоҷират дорем ва онро зина ба зина, қатъиян ва бидуни эҳсосоти нолозиму доду фарёд, бидуни дахолати беруна ҳал мекунем.
Дар лаҳзаи тезу тундтарини таърихи ҳозираи мо ба мақсадҳои деколонизатсияи англосаксҳо амал кардан, кинаю адоватро пароканда кардан, мамлакатро ба хавфи ноустувор гардондани вазъият дучор кардан, барои ватандусти ҳақиқӣ кори ношоиста аст. Махсусан таассуфовар аст, вақте мебинед, ки ин корро одамони поквиҷдону боақл, ки Ватанро самимона дӯст медоранд, анҷом медиҳанд. Дар давраи бозсозӣ чунин одамон зиёд буданд. Онҳо ҳам тез-тез такрор мекарданд: "ин хел зистан мумкин нест!" Натиҷаи фаъолияти пурҷӯшу хурӯши онҳо маълум аст.