Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Медведев гуфт чӣ гуна роҳи Украина ба НАТО поён ёбад

Муовини раиси Шӯрои амнияти Русия ахиран гуфт, ки роҳи Киев ба сӯи НАТО бояд бо аз байн рафтани Украина ё паймони Атлантикаи Шимолӣ хотима ёбад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 11 июл — Sputnik. Муовини раиси Шӯрои амнияти Русия Дмитрий Медведев дар саҳифи “Телеграмм”-и худ навиштааст, ки Русия бояд тамоми корро анҷом диҳад, то роҳи Киев ба сӯи НАТО ё бо аз байн рафтани Украина ё худи паймони Атлантикаи Шимолӣ хотима ёбад.
Медведев дар паёми ахири худ аз эъломияи ахири НАТО иқтибос овардааст, ки дар он кишварҳои узви ин НАТО ваъда додаанд Украинаро дар ҳамгироии комил ба ин Созмон пуштибонӣ мекунанд.
"Мо бояд ҳама корро кунем, то "роҳи бебозгашт"-и Украина ба сӯи НАТО ё бо аз байн рафтани Украина ё НАТО ё беҳтараш ҳарду, сурат бигирад", - навиштааст Медведев дар шарҳи изҳороти паймон.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Пушилин: Сулҳ дар Украина ба ҷуз Русия ба касе лозим нест
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш раисҷумҳури Лаҳистон Анджей Дуда изҳор дошт, ки Украина наметавонад узви комилҳуқуқи НАТО шавад, дар ҳоле ки муноқишаи низомӣ дар Украина идома дорад.
"Дуда тасдиқ кард, ки "Украина наметавонад узви НАТО шавад", то муноқишааш бо Русия хотима наёфтааст, - навиштааст нашрияи Washington Times.
Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи сиёсатмадор, Украина бояд “ҳарчи зудтар” бояд узви комилҳуқуқи НАТО пазируфта шавад.
Нишасти НАТО аз 9 то 11 июл дар Вашингтон баргузор мешавад.
Дабири кулли НАТО Йенс Столтенберг изҳор дошт, ки бастаи нави кӯмак ба Украина, ки қарор аст дар Вошингтон тасвиб шавад ва инчунин мутобиқати бештари артиши Украина бо стандартҳои паймон ба Киев ҳамчун як пуле барои узвият дар НАТО хоҳад буд.