Селу харобиҳо дар вилояти Суғд

Бар асари боронҳои шадиди ахир дар бархе аз манотиқи вилояти Суғди Тоҷикистон сел омад, ки боиси харобиҳо гардид
Sputnik
ДУШАНБЕ, 9 июл — Sputnik. Боронҳои шадид дар ҳудуди деҳаи Хушекати ҷамоати деҳоти Айнии вилояти Суғд боиси омадани сел шуд, ки 850 метр канали оби нӯшокии шаҳраки Аслонободро аз лой пур кард.
Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ дар ҳоли ҳозир, корҳо барои рафъи оқибатҳои офати табиӣ идома доранд.
“Ин сел талафоти ҷониву хисороти дигар надошт”, - қайд кардааст манбаъ.
Ҳамзамон баъди боришоти шадид дар деҳаи Понгози ҷамоати деҳоти Понгози ноҳияи Ашт сел омад.
КҲФ: Сел ба бархе аз ноҳияҳои вилояти Суғд зарар расонд
Дар натиҷа, об қитъаҳои замини сокинон, иншооти ёрирасон ва роҳи байнидеҳаро хароб кард.
Ҳоло дар ҷойи ҳодиса комиссияи ноҳиявӣ кор мекунад, талафоти ҷонӣ нест.
Ҳамзамон дар ҳудуди деҳаи Мазори Шарифи ҷамоати деҳоти ба номи Лоиқ Шералии шаҳри Панҷакент сел роҳи байни деҳ, ки тавассути пул ба ҳам васл мешуд, аз лой пур кард.
Барои анҷоми корҳои рафъи оқибатҳои офати табиӣ ба ҷойи ҳодиса техникаи вазнини муҳандисии хадамоти роҳи шаҳр сафарбар карда шуд. Корҳои бартарафсозии паёмадҳои сел идома доранд.
Қайд карда шудааст, ки хушбахтона талафоти ҷонӣ ва хисороти дигар нест.