Вазорати дифои Русия видеои нобудсозии корвони таҷҳизоти низомии нерӯҳои мусаллаҳи Украина дар вилояти Сумиро нашр кард.
Дар наворе, ки беш аз як дақиқа давом дорад зарбаи мушаки "Искандар" ба корвони низомии артиши Украина дар наздикии рустои Стетковка дида мешавад.
Дар навор таркиш ва сӯхтори техника дида мешавад.
Ба гуфтаи вазорати дифоъ дар ин ҳамла як анбори тиру тӯп, 20 мошини ҳарбӣ ва ҳамчунин то 65 сарбоз нобуд карда шуданд.
Ёдовар мешавем, ки Русия аз 24 феврали соли 2022 дар Украина амалиёти вижаи низомиро анҷом медиҳад.
Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин вазифаи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқир ва наслкушӣ қарор гирифтаанд".
Ба гуфтаи ӯ, ҳадафи ниҳоии амалиёти вижа озодсозии Донбасс ва фароҳам овардани шароитест, ки амнияти худи Русияро кафолат медиҳад.
Кишварҳои ғарбӣ ширкат дар даргириҳо дар Украинаро расман рад мекунанд, аммо ба таъмини нирӯҳои мусаллаҳи Украина ба силоҳ идома медиҳанд.