“Баъд аз пандемия”: СҲШ қомат рост мекунад

Коршиноси тоҷик аз густариши нуфуз ва ҷуғрофиёи Созмони ҳамкории Шонгҳой пас аз ҳамагирии КОВИД-2019 суҳбат кард.
Sputnik
ДУШАНБЕ, 7 июл - Sputnik. Нишасти сарони ин созмон дар Остона, пойтахти Қазоқистон, аввалин таҷаммуъи ҳузурии раҳбарони кишварҳои узви ин созмон пас аз соли 2020 буд.
Абдулғанӣ Муҳаммадазимов, устоди кафедраи минтақашиносии хориҷии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, мегӯяд, Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой (СҲШ) пас аз пандемияи КОВИД-2019 дубора қомат рост мекунад.
“Соли гузашта дар ҳамин рӯз, 4 июл, Эрон узви нуҳуми ин созмон шуд ва дар нишасти ахир Белорус узвияти онро ба даст овард. Пас аз пандемия СҲШ талош дорад, мавқеи худро қавӣ кунад ва густариши бештар ёбад”, - гуфт ӯ.
Вай афзуд, аз сӯи дигар, СҲШ шеваи бартари фаъолиятро пеш гирифт, ки яке аз нишонаҳои он қабули қарору гирифтани тасомим ва расидан ба тавофуқот тариқи консенсус аст.
“Ризоияти тамоми 10 кишвари узв, новобаста аз ин ки хурд ҳастанд ё бузург, барои гирифтани тасомим ва қабули қарору тавофуқот шарти аслӣ аст. Як кишвари хурд агар напазируфт, кишварҳои абарқудрат низ онро нахоҳанд пазируфт”, - гуфт Абдулғанӣ Муҳаммадазимов.
Путин: Русия ба ҳамкориҳо дар доираи СҲШ аҳамияти хос медиҳад
Ба қавли ӯ, густариши сарзаминӣ ё ҷуғрофиёи СҲШ тавоноиҳои онро бештар мекунад ва ҳол ду кишвари дигар дар навбат истодаанд – Муғулистон ва Афғонистон.
“Муғулистон тамоми шароит барои узвиятро дорад, аммо ҳукумати ҷадид дар Афғонистон ба раҳбарии Толибон бояд он шарту шурутеро, ки созмон пешаш гузоштааст, масалан, эҷоди ҳукумати ҳамашумулро бояд иҷро ва худро барои узвият айёр кунад, аммо то ба ҳол пешравие дар ин амр дида намешавад”, - гуфт коршинос.
Вай афзуд, ҳарчанд Қазоқистон Толибонро аз рӯйхати сиёҳи террористӣ берун овардааст, аммо консенсус барои ҳазфи ин гуруҳ аз рӯйхатҳои сиёҳи террористии бақия кишварҳо ба вуҷуд наомад ва аз ин хотир, онҳоро ба Остона даъват накарданд.
Ҷанги Украина, ки як тарафи он Русия, кишвари бузурги узви СҲШ аст, мушкили амниятӣ на фақат барои Русия, балки барои СҲШ низ халқ кардааст, бахусус, равобити иқтисодиаш бо Иттиҳоди Аврупо.
“Ҷанги Украина бархӯрди тамаддунҳост ва бори аслии онро Русия мекашад ва як теъдод кишварҳои СҲШ ба ҷуз пуштибонии дипломатӣ ва ҳадди аксар мусоидати иқтисодӣ ё ҳимояти пинҳон дигар коре барои дастгирии Русия накарданд. Ва қудрати созмон низ дар ҳамин аст, ки бо чунин дастгирии заъиф як узви он дар ҳоли ҳозир дар майдони ҷанг устувор истодааст”, - гуфт Абдуғанӣ Муҳаммадазимов
Аз нақши СҲШ то масъалаи амнияти Афғонистон: Раҳмон дар нишасти Остона аз чӣ гуфт?
Бо узвияти Белорус дар Созмонҳои ҳамкории Шонгҳой ин созмон бо Созмони Паймони Атлантики Шимолӣ (НАТО) ҳаммарз шуд ва бархе бар ин назаранд, ки дар ҳоли вуқуъи як ҷанги тамомайёр эҳтимоли рӯёрӯии гарми ду созмон вуҷуд дорад.
Абдуғанӣ Муҳаммадазимов бархӯрди СҲШ ва НАТО – ро баъид медонад, аммо мегӯяд, эҳтимоли ҷанг миёни НАТО бо Созмони паймони амнияти ҷамъӣ, ки Русия узвияти онро дорад ва ҳам як иттиҳоди низомӣ аст, зиёд аст.
“СҲШ мисли Чину Ҳинд аъзое дорад, ки бо Иттиҳоди Аврупо ва Амрико тиҷоратҳои миллиарддолларӣ мекунанд ва он гуна ки гуфтем, тасмимот дар СҲШ бо консенсус – ҳамназарии муштарак гирифта мешаванд, ин ду кишвар ва ҳатто Покистону бархе кишварҳои Осиёи Марказӣ бо чунин тасмиме мувофиқат нахоҳанд кард”, - гуфт коршинос.
Падидаи ҷолибе, ки дар кори СҲШ дида мешавад, марбути санаи баргузорӣ ва ҳам пазириши аъзои ҷадиди созмон аст, ки ба 4 июл – рӯзи истиқлолияти Амрико – рост меояд. Соли гузашта Эрон ва имсол Белорус, ки равобити хеле хароб бо Амрико доранд, ба узвияти СҲШ даст ёфтанд.
Эъломияи Остона ба имзо расид: Сарони кишварҳои СҲШ ба чӣ тавофуқ расиданд
Ба қавли Муҳаммадазимов, ин иттифоқот тасодуфӣ набуда, балки амдӣ ва ҳисобшуда аст, ки агарчи бархӯрди низомӣ нест, аммо аксуламали геостратегии СҲШ, қабл аз ҳама Чину Эрон ба Амрико аст.
“Баъд аз 15 сентябри соли 2021, рӯзи хуруҷи артиши Амрико ва НАТО аз хоки Афғонистон, расо як моҳ пас, яъне 15 сентябр Иёлоти Муттаҳида ва муттаҳидонаш як иттиҳоди низомӣ ба номи AUKUS – ро таъсис доданд, ки ҳадафаш муқобила бо Чин аст. Ин иттифоқ хашми Чинро барангехт, зеро замоне афтод, ки 16 сентябр дар Душанбе нишасти сарони СҲШ баргузор мешуд ва як паём барои Пекин буд”, - гуфт ӯ.
AUKUS як иттиҳоди дифоъии се кишвари англосаксонӣ ва ба истилоҳ, “НАТО-и зиддичинӣ” аст, ки Австралия, Бритониё ва Иёлоти Муттаҳидаро дарбар мегирад ва ҳадафи ин паймон муқобила бо нуфузи Чин дар дарёи мавриди муноқишаи Чини Ҷанубӣ аст.
Устоди кафедраи минтақашиносии хориҷии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон гуфт, нишасти охирини СҲШ дар Остона барои Тоҷикистон ва дипломатиаш хеле муваффақиятомез буд, қабл аз ҳама ба он хотир ки дар нигоҳи созмон ба қазияи Афғонистон умдатан назари Душанбе барҷаста аст.
“Ташкили як ҳукумати ҳамашумул дар Афғонистон, ки Тоҷикистон аз пуштибонони аввалини ин идея дар ҷаҳон буд, ҳамоно шарти аслӣ ва муҳими эътирофи расмии Толибон арзёбӣ мешавад ва ин он чизест, ки писанди ҳукумати ин гуруҳ дар Кобул нест. Аммо Душанбе ин сигналро ҳамеша мефиристад, ки дарвозаҳояшро ба рӯи Кобул намебандад ва равобити тиҷориву башариро нигоҳ хоҳад дошт”, - гуфт Абдуғанӣ Муҳаммадазимов.
Беларус дар нишасти Остона расман узви СҲШ шуд
Вай афзуд, таъсиси Маркази зидди маводи мухаддири СҲШ дар шаҳри Душанбе як дастоварди дигари на фақат Тоҷикистон, балки худи СҲШ низ ҳаст, зеро он бо сиёсатҳои ҷаҳонӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид низ ҳамхонӣ мекунад.
Ибтикори таъсиси Маркази маводи мухаддир дар чаҳорчӯби СҲШ ба Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон тааллуқ дорад, ки соли 2019 дар яке аз конфронсҳои байнулмилалӣ дар Душанбе ироа шуда буд.
Тоҷикистон дар қиёс бо дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ тӯлонитарин, 1344 километр марзи муштарак бо Афғонистонро дорад, ки ба ҳисобҳои СММ, то 80% захоири маводи мухаддири ҷаҳон ба он рост меояд.