Пас аз анҷоми нишасти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай дар Остона, Си Ҷинпин, раҳбари Чин бо як сафари дурӯза ба Тоҷикистон сафар намуд ва дар онҷо бо Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дидору гуфтугӯ кард ва ба ӯ Ордени Дӯстии Чин, ҷоизаи олии давлатии ин кишвар барои шаҳрвандони хориҷӣ - супурд.
Дар баробари ин, муносибатҳои Пекин ва Душанбе муддати тӯлонӣ чандон рушд наёфта буданд, гуфт дар мусоҳиба шарқшинос ва роҳбари Донишкадаи Осиё ва Африқои Донишгоҳи давлатии Маскав Алексей Маслов.
"Тақрибан 10 сол пеш, вақте ки кишварҳо бунёди роҳҳои муштарак, аз ҷумла роҳи оҳанро роҳандозӣ намуданд. Ҳамчунин як қатор корхонаҳои чинӣ (дар Тоҷикистон) кор мекунанд", - гуфт коршинос.
Ба гуфтаи ӯ, Тоҷикистон барои Чин, пеш аз ҳама, барои роҳ ёфтан ба Осиёи Марказӣ хеле муҳим аст.
"Чин аз ҷумҳурӣ ҳамчун як долони нақлиётӣ барои ҳамкорӣ бо дигар кишварҳо, аз ҷумла Русия истифода намояд. манзури ман ҳамлу нақли молҳост ", - шарҳ дод Маслов.
Илова бар ин, ӯ қайд кард, ки Душанбе тадриҷан ба бузургтарин таъминкунандаи маҳсулоти кишоварзӣ табдил меёбад ва ин масъала таваҷҷӯҳи Пекинро низ дорад.