Нӯҳ моҳ пас аз амалиёти Ҳамос: Дар Исроил алайҳи ҳукумат "Рӯзи муқовимат" эълон карданд

Ҳазорон нафар эътирозгарон дар саросари кишвар роҳҳои мошингардро баста, талаби баргузории интихоботи пеш аз муҳлатро доранд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 7 июл — Sputnik. Дар Исроил гирдиҳамоиҳои густурда ба хотири истеъфои нахуствазир Нетаняҳу идома дорад.
Ҳаракатҳои эътирозии исроилӣ 7 июлро “Рӯзи муқовимат” ба ҳукумат эълон карданд, хабар медиҳад РИА "Новости".
Аз субҳи барвақт садҳо муътаризон бо талаби баргузории интихоботи пеш аз мӯҳлат ва озодии фаврии гаравгонҳо аз навори Ғазза, ки 7 октябри соли 2023, яъне расо 9 моҳ пеш аз сӯи Ҳамос рабуда шуда буданд, дар манотиқи мухталифи кишвар ба бастани чорроҳаҳо ва шоҳроҳҳо шурӯъ карданд.
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворҳои садҳо эътирозгарон дар саросари Исроил даст ба даст мешавад, ки роҳҳоро бастаанд.
Дар Тел-Авив, Байтулмуқаддас, Ҳайфа ва даҳҳо шаҳрҳои дигар гирдиҳамоиҳои оммавӣ барпо мегарданд.
Табибони бидуни марз: Амалиёти Исроил дар Рафаҳ шаҳрро ба қабристон табдил медиҳад
Ба гуфтаи роҳандозони чорабиниҳои эътирозӣ, дар Тел-Авив дар нимаи дуюми рӯз дар назди бинои Федератсиям умумии меҳнаткашони Исроил намоиш барпо мегардад.
Фаъолон нақша доранд, ки аз иттифоқҳои касаба талаб кунанд, ки “иқтисодиётро қатъ кунанд”.
Тазоҳурот шоми якшанбе ба авҷи худ мерасад, вақте ҳазорон нафар дар назди як маҷмааи ҳукуматӣ дар Тел-Авив ҷамъ меоянд. Дар қароргоҳи сарвазир Бенямин Нетаняҳу дар Байтулмуқаддас низ як раҳпаймоии оммавӣ дар назар аст.
Тазоҳуроти зиддиҳукуматӣ бо талаби баргузории интихоботи пеш аз муҳлат ва озодии фаврии гаравгонҳо ҳар ҳафтиана дар Исроил чанд моҳ боз идома дорад.
Дар авоили ҳафтаи ҷорӣ Қатар музокиротро тавассути миёнаравҳо барои оташбас дар навори Ғазза дар ивази раҳоии гаравгонҳо аз сар гирифт.
ВКХ Русия ҳамлаи Исроил ба Раҳафҳро омили бесуботии дигар дар минтақа хонд
Раҳбари хадамоти истихборотии Исроил Моссад Дэвид Барнеа рӯзи ҷумъа аз даври аввали музокирот аз Доҳа баргашт. Дафтари Нетаняҳу гуфт, ки музокирот ҳафтаи оянда аз сар гирифта мешавад. Онҳо ҳамчунин таъкид карданд, ки ихтилофот байни тарафҳо то ҳол боқӣ мемонад.
Раванди музокира пас аз тарҳи оташбаси пешниҳодкардаи раисиҷумҳури Амрико Ҷо Байден аз номи Исроил беш аз як моҳ аст, ки дар бунбаст қарор дорад.
Ба гуфтаи мақомоти исроилӣ, дар анклави Фаластин то ҳол 120 гаравгон нигоҳ дошта мешаванд, ки беш аз 40 нафари онҳо кушта шудаанд.