Раҳмон раисҷумҳури тозаинтихоби Эронро ба Тоҷикистон даъват кард

Раҳмон идомаи муколамаи сатҳи олиро василаи муҳимми пешбурд муносибат ва посухгӯи манфиатҳои миллии Тоҷикистону Эрон донист
Sputnik
ДУШАНБЕ, 6 июл — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раисҷумҳури тозаинтихоби Эрон Масъуд Пизишкиён барқияи табрикӣ ирсол намуданд.
Дар ин бора хадамоти матбуоти раисҷумҳури кишвар хабар додааст.
Дар ин барқия аз ҷумла раисҷумҳури Тоҷикистон оқои Пизишкиёнро ба муносибати пирӯзиаш дар интихоботи раёсатҷумҳурии Эрон самимона табрик кард.
“Пирӯзии Шумо дар интихобот, қабл аз ҳама, нишони эътимоди ҷомеаи Эрон ба барномаву ниятҳои созандаи Шумо ҷиҳати таъмини рушди устувори иҷтимоиву иқтисодии Эрон аст”, - қайд кардааст Раҳмон.
Кишвардори Тоҷикистон зикр кардааст, ки Тоҷикистону Эронро муштаракоти зиёди фарҳангиву таърихӣ ва тамаддунӣ ба ҳам мепайванданд, ки заминаи мусоид барои таҳкиму тавсеаи пайвастаи равобити дӯстӣ ва ҳамкории гуногунҷанбаи ду кишвар мебошанд.
Исми президенти нави Эрон маълум шуд: Мардум киро интихоб кард?
Эмомалӣ Раҳмон қайд кардааст, ки Тоҷикистонро ба густариши беш аз пеши ҳамкории дуҷониба бар пояи усулҳои ҳусни тафоҳум, эҳтиром ва эътимоду эътиқоди холисона ба якдигар алоқаманд аст.
Кишвардори Тоҷикистон муколамаи сатҳи олиро василаи муҳимми пешбурди ин раванд ва посухгӯи манфиатҳои миллии ду кишвар донист.
“Дар ин робита бо камоли майл Шуморо ҷиҳати анҷом додани боздиди расмӣ аз Тоҷикистон дар аввалин фурсати бароятон муносиб даъват менамоям”, - таъкид кард Эмомалӣ Раҳмон.
Раисҷумҳури Тоҷикистон ба ҳамтои эрониаш сиҳатмандии комил ва дар татбиқи барномаву ниятҳояш дар мақоми раисҷумҳур комёбиҳо, ба мардуми дӯсту бародари Эрон сулҳу субот, некӯаҳволӣ ва шукуфоии рӯзафзун орзу кардааст.