ДУШАНБЕ, 6 июл — Sputnik. Ба иттилои хадамоти матбуоти раисҷумҳури кишвар, дар ҳузур ва бо иштироки сарони давлатҳо дар маҷмуъ 29 ҳуҷҷати муҳими танзмкунандаи муносибатҳои ду кишвар дар соҳаҳои мухталиф ба имзо расид.
Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Си Ҷинпин Изҳороти муштараки Тоҷикистон ва Чин дар бораи таъмиқи минбаъдаи равобити стратегии ҳамаҷониба дар марҳилаи навро имзо карданд.
Дар маҷмуъ, аз рӯи натиҷаҳои музокиротҳо 29 санади нави ҳамкорӣ, аз ҷумла ҳуҷҷати муҳим — Изҳороти муштараки Тоҷикистон ва Чин оид ба таъмиқи минбаъдаи равобити стратегии ҳамаҷониба дар марҳилаи нав ба имзо расид.
Дар нишасти матбуоотии муштарак баъд аз ба имзо расидани санадҳо раисҷумҳури Тоҷикистон таъкид кард, ки гардиши мол байни Тоҷикистон ва Чин соли гузашта нисбат ба соли 2022 ба андозаи зиёда аз 24 фоиз афзоиш ёфт.
Вай гуфт, ҳаҷми сармояи Чин ба иқтисоди Тоҷикистон дар давраи солҳои 2007-2023 зиёда аз 4 миллиард долларро ташкил медиҳад, ки беш аз дуюним (2,6) миллиарди он сармояи мустақим мебошад.
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни изҳороти матбуотӣ аз рӯйи натиҷаҳои сафари давлатии раҳбари Чин Си Ҷинпин ба Тоҷикистон гуфт, ки "Ширкатҳои "Зарафшон" ("Зи Ҷин Голд"), маҷмааи саноати бофандагии "Ҷунтай — Данғара Син Силу Текстил", "Хуаксин семент-Ёвон" ва чанде дигар намунаи равшани ҳамкории самарабахши сармоягузории ду кишвар маҳсуб мешаванд.
Дар маҷмӯъ, имрӯз дар Тоҷикистон зиёда аз 700 ширкат бо сармояи ҷониби Чин фаъолият мекунад.
Қаблан дар ҳамоиши намояндагони доираҳои соҳибкорӣ ва ширкатҳои Тоҷикистон ва Чин ду ҷониб ба маблағи зиёда аз 600 млн доллар шартномаву қарордодҳои ҳамкорӣ ба имзо расониданд.
Ҷониби Тоҷикистон ҳавасмандии худро барои ҷалби боз ҳам бештари доираҳои соҳибкории Чин ба манзури татбиқи амалии лоиҳаҳои инфрасохторӣ таъкид намуд.