Меҳмоннавозии тоҷикӣ: Баргузории Шоми Дӯстӣ ба ифтихори сафари Си Ҷинпин - видео

Раисҷумҳури Тоҷикистон ба ифтихори сафари раҳбари Чин Си Ҷинпин ба кишвар дар бӯстонсарои ҳукуматӣ Шоми дӯстӣ баргузор кард
Sputnik
Дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон иттилоъ дод, меҳмоннавозии Си Ҷинпин, раҳбари Чин аз сӯйи кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бӯстонсарои ҳукуматӣ сурат гирифт.
Ёдовар мешавем, ки ахиран Си Ҷинпин бо сафари давлатӣ ба Тоҷикистон омад.
Дар ин сафари худ ӯ бо кишвардори Тоҷикистон дидору мулоқот кард ва дар ин мулоқот маҷмуи масъалаҳои муҳим баррасӣ шуданд.
Зимни мулоқот сарони ду давлат вазъи кунунӣ ва дурнамои шарикии стратегӣ ва муносибатҳои Тоҷикистону Чинро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Раҳмон шахсан Ҷинпинро дар фуругоҳ гусел кард: анҷоми сафари раҳбари Чин ба Душанбе
Натиҷаи музокироту мулоқоти ду роҳбар дар шаҳри Душанбе имзои 29 санади нави ҳамкорӣ шуд, ки ба равобити ду кишвар такони ҷиддӣ медиҳад.
Шоми дӯстӣ ба истиқболи меҳмони олимақом, роҳбари ҳамсоякишвари бузурги Тоҷикистон Си Ҷинпин дар фазои дӯстию бародарӣ ҷараён гирифт.
Таъкид шудааст, ки роҳбари Чин бо намоиши маҳсулоти тару тозаи кишоварзӣ ва таомҳои миллӣ, ки дар деҳқадаи бӯстонсаро омода шуда буд, шинос шуда, таассуроти нек бардоштанд.