Тоҷикистон ва Чин мехоҳанд ташаббуси "Як камарбанд - як роҳ" -ро муштаракан пешбарӣ кунанд

Роҳбари Чин матлаби “Муносибатҳои Чину Тоҷикистон: барои ояндаи дурахшон” навишт, ки дар он аҳамияти ташаббуси "Як камарбанд - як роҳ" -ро қайд кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 5 июл — Sputnik. Чин дар якҷоягӣ бо Тоҷикистон қасд дорад ба ҳамгироии амиқи ташаббуси "Як камарбанд - як роҳ" мусоидат кунад.
Дар ин бора Си Ҷинпин, раиси ҷумҳури Чин дар мақолаи муаллифии худ “Муносибатҳои Чину Тоҷикистон: ба умеди ояндаи дурахшон” изҳор доштааст.
Раҳбари Чин таъкид кард, ки ин тасмим ба манофеи мусоидат ба рушд ва эҳёи ду кишвар гирифта шудааст.
"Бо дарназардошти эҳтиёҷоти тарафҳо ба сафарҳои мутақобила ҷиҳати афзоиши минбаъдаи ҳаҷми муомилоти мол, суръат бахшидан ба сохтмони қитъаҳои асосии шоҳроҳи Чин-Тоҷикистон ва зиёд кардани шумораи парвозҳои мустақим чораҳои нав андешидан зарур аст", - гуфт ӯ.
Си Ҷинпин қайд кард, ки ҳоло Душанбе дилпурона ба самти татбиқи Стратегияи миллии рушд то соли 2030 қадам мезанад.
Си Ҷинпин ба Тоҷикистон омад
Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин ҳамчунин изҳори умедворӣ кард, ки дар ҷараёни сафар ҳамроҳ бо Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, нақшаҳои рушди минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷонибаро, ки равобитро “ба қуллаҳои нав” мебарад, баён хоҳанд кард.
Ёдовар мешавем, ки Си Ҷинпин, раиси ҷумҳури Чин шоми 4 июл вориди Душанбе шуд. Сафари расмии раиси Чин то 6-ум идома мекунад.