Си Ҷинпин ба Тоҷикистон омад

Қарор аст, ки зимни мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Чин, имзои як қатор санадҳои нави ҳамкорӣ ва чорабиниҳои дигари муҳим дар назар аст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 5 июл — Sputnik. Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин бо сафари давлатӣ ба Тоҷикистон омад.
Ӯро шоми 4 июл дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Эмомалӣ Раҳмон шахсан истиқбол кард.
Саҳни фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба хотири пазироии арзандаи меҳмони олиқадр бо парчамҳои давлатии ду кишвар, аксҳои Сарони давлатҳои Тоҷикистону Чин ва шиорҳои тараннумкунандаи дӯстии мардумони ду давлат идона оро ёфта буд.
Ҳамчунин шумораи зиёди ҷавонону наврасон бо либосҳои миллӣ, дар даст парчамҳо таҳти садои карнаю сурнай роҳбари Чинро истиқбол намуданд.
Тоҷикистону Чин ба маблағи чандин миллиард сомонӣ қарордод имзо карданд
Ҳамчунин дар ин макон барномаи кутоҳи фарҳангӣ бо намоиш аз фарҳанги кишварҳо сурат гирифт.
Мавриди зикр аст, ки сафари давлатии президенти Чин то 6 июл дар Тоҷикистон идома меёбад.
Ба гузориши дафтари матбуоти раисҷумҳури кишвар қарор аст, ки зимни он мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Чин, имзои як қатор санадҳои нави ҳамкорӣ ва чорабиниҳои дигари муҳим дар назар аст.
Дар назар аст, ки раҳбарони кишварҳо бинои нави парлумони Тоҷикистон, ки бо кумаки бебозгашти Чин бунёд шуд, ифтитоҳ намоянд.