ДУШАНБЕ, 5 июл — Sputnik. Дар Қасри миллат мулоқоти ҳайатҳои Тоҷикистону Чин таҳри роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон ва Си Ҷинпин баргузор гардид.
Дар ин бора дафтари матбуоти роҳбари давлат хабар дод.
Манбаъ афзуд, нахуст Эмомалӣ Раҳмон ҳамтои чинияшро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, ӯро дӯсти содиқ ва шарики боэътимод хонд.
Ҷонибҳо аз афзоиши ҳаҷми гардиши мол байни кишварҳо изҳори қаноатмандӣ намуда, густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, сармоягузорӣ ва дигар бахшҳои барои ҳар ду ҷониб судоварро баррасӣ карданд.
Зарур дониста шуд, ки минбаъд сармоягузорӣи Чин дар соҳаҳои саноат, энергетика, нақлиёт ва кишоварзӣ бештар сурат гирад.
Қайд гардид, ки дар Тоҷикистон ҳоло беш аз 700 ширкат бо сармояи чинӣ дар бахшҳои гуногуни саноат, аз ҷумла истихроҷ ва коркарди канданиҳои фоиданок амал мекунад.
Масъалаи ҷудо кардани бурсияҳо барои донишҷӯёни тоҷик низ дар меҳвари гуфтугӯ қарор гирифт. Бояд зикр намуд, ки феълан 5 000 донишҷӯ аз Тоҷикистон дар муассисаҳои олии ҶМЧ таҳсил мекунанд.
Роҳбарони ду давлат пешниҳод карданд, ки рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистону Чин дар кишварҳои ҳамдигар баргузор шавад.
Дар анҷоми мулоқот Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамтои чинии худ истироҳати хуш дар Тоҷикистон орзу кард. Ёдовар мешавем, ки сафари Си Ҷинпин ба Тоҷикистон бегоҳи 4 июл оғоз ёфт ва то 6 июл идома мекунад.