ММТ: Шумори довталабон 10 ҳазор афзоиш ёфт

Ба иттилои масъулини Маркази миллии тестӣ соли равон беш аз 94 ҳазор довталаб дар кишвар ба маркази миллии тестӣ барои дохилшавӣ ҳуҷҷат супоридаанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 5 июл — Sputnik. Тибқи иттилои масъулини Маркази миллии тестӣ (ММТ) шумораи довталабон нисбати ба соли гузашта 10 ҳазор нафар зиёд мебошад.
Қайд карда шудааст, ки ҷараёни имтиҳонсупории довталабон тариқи ММТ чаҳор рӯз аст, ки дар кишвар идома дорад.
“Шумораи довталабоне, ки ҳуҷҷатҳои хешро ба ММТ супоридаанд дар вилоят беш аз 34 ҳазор нафарро ташкил медиҳад, ки онҳо давоми чанд рӯз аст, дар 19 маркази муайяншуда, имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавиро супорида истодаанд”, - хабар додааст манбаъ.
Ҳамзамон қайд карда шудааст, ки имсол беш аз 94 ҳазор довталаб дар кишвар ба маркази миллии тестӣ барои дохилшавӣ ҳуҷҷат супоридаанд.
Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон сар аз 1 июл имтиҳоноти дохилшавӣ ба донишгоҳу донишкадаҳои кишвар тариқи Маркази миллии тестӣ оғоз гардид.
Оғози имтиҳоноти дохилшавӣ дар Тоҷикистон
Тибқи иттилои манбаъ, барои баргузории даври асосии имтиҳонҳо дар заминаи 45 муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии 20 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ марказҳои имтиҳонӣ ташкил карда шудаанд.
Зикр гардид, ки дар 20 шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ ҷамъан 1150 синфхона барои баргузории имтиҳонҳо омода карда шудааст.
"Тибқи ҷадвали тасдиқгардида, рӯзи 1 июл дар 44 маркази имтиҳонӣ довталабони гурӯҳи ихтисосҳои 1-ум (табиӣ ва техникӣ)-ро интихобкарда қисми А-ро месупоранд", - омадааст дар хабари манбаъ.
Қайд гардид, ки имсол ба мисли солҳои қаблӣ раванди имтиҳонҳо аз ҳамаи марказҳои имтиҳонӣ тавассути камераҳои назоратӣ дар ҳолати онлайн дар Марказ пахш карда мешавад.
Барои ин ҳар як маркази имтиҳонӣ бо тамоми таҷҳизоти зарурӣ таъмин карда шудааст.
Эълони натиҷаҳои имтиҳонҳо (хол ва балҳои бадастовардаи ҳар яке аз довталабон ва ба озмуни тақсимот роҳ ёфтан ё наёфтани онҳо) 20 июли соли ҷорӣ ба нақша гирифта шудааст.