ДУШАНБЕ, 4 июл — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониаш дар нишасти сарони Созмони ҳамкории Шанхай нақш ва аҳамияти ин Созмонро ҳамчун созмони байниминтақавии сернуфуз, дорои иқтидори бузурги иқтисодӣ ва паҳнои калони ҷуғрофӣ зикр кард.
Эмомалӣ Раҳмон қайд кард, ки дар тӯли 23 сол сарони кишварҳои СҲШ диққати худро ба мушкилоти Осиёи Марказӣ нигаронда, минтақаи мазкурро ба ҳайси "меҳвари СҲШ" муқаррар намуданд.
Кишвардори Тоҷикистон ба зарурати ҳузури фаъоли бештари Созмон дар Осиёи Марказӣ, ки солҳои охир мавриди таваҷҷуҳи зиёди бозингарони хориҷӣ гардидааст, таъкид кард.
Эмомалӣ Раҳмон аз пуштибонии кишварҳои узв барои дастгирии ташаббуси Тоҷикистон дар мавриди таъсиси Маркази зиддимухаддиротии СҲШ дар Душанбе ба ҳайси ҷузъи таркибии Созмони такмилёфта, изҳори миннатдорӣ кард.
“Ҳукумати Тоҷикистон барои фаъолияти пурмаҳсули ин сохтор шароити заруриро муҳайё месозад”, - гуфт раҳбари Тоҷикистон.
Ҳамчунин президенти кишвар аз қабули Нақшаи мураттабсохтаи Тоҷикистон дар бораи чорабиниҳои татбиқи Стратегияи рушди иқтисодии СҲШ то соли 2030 ва пешниҳоди дар доираи Созмон таъсис ёфтани механизми нави ҳамкорӣ дар соҳаи идораи зиддимонополӣ истиқбол кард.
Ҳамчунин зимни суханрониаш Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаҳои амниятӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир кард.
Вай амниятро асоси татбиқи ҳамаи ташаббусҳои созанда номид ва ба зарурати идома додани тадбирҳои муштараки давлатҳои аъзои СҲШ дар мубориза бо терроризм ва экстремизм, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва киберҷиноят таъкид кард.
Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин илова кард, ки ҳар чи зудтар барқарор шудани сулҳ, субот ва амният дар Афғонистон ба манфиати умумии кишварҳои узви СҲШ мебошад.
Кишвардори Тоҷикистон ба идома додани кӯшишҳоро вобаста ба расонидани кумак ба халқи бародари афғон таъкид намуд.
Дафтари матбуоти раисҷумҳур таъкид кардааст, ки аз рӯи натиҷаҳои ҷаласаи сарони давлатҳо 24 ҳуҷчат, аз ҷумла Эъломияи Остона, Ташаббуси СҲШ "Оид ба ҳамгироии ҷаҳонӣ барои сулҳи одилона, ризоият ва рушд", Пешниҳоди Шурои вазирони корҳои хориҷӣ оид ба такмили фаъолияти СҲШ, анҷоми маросими қабули Ҷумҳурии Беларус ба аъзогии СҲШ, Барномаи ҳамкории давлатҳои узви СҲШ дар муқовимат ба терроризм, сепаратизм ва экстремизм дар давраи солҳои 2025-2027, Стратегияи зиддимухаддиротии СҲШ дар давраи солҳои 2024-2029 ва Стратегияи рушди ҳамкории энергетикии давлатҳои аъзои СҲШ то соли 2030, қабул карда шуданд.