ДУШАНБЕ, 4 июл — Sputnik. Владимир Путин раисҷумҳури Русия дар нишасти Шӯрои сарони кишварҳои узви СҲШ дар Остона аз аҳамияти СҲШ барои Русия изҳори назар кард.
Вай гуфт, Русия ба ҳамкориҳои шарикӣ дар доираи СҲШ аҳамияти хос медиҳад ва Русия бо камоли хушнудӣ қайд мекунем, ки ин ҳамкорӣ дар асоси принсипҳои баробарҳуқуқӣ, ба назар гирифтани манфиатҳои ҳамдигар, эҳтиром ба гуногунии фарҳангӣ ва тамаддунӣ ва ҷустуҷӯи роҳҳои ҳаллу фасли масъалаҳо идома дорад.
СҲШ ва БРИКС
Владими Путин қайд кард, ки СҲШ дар баробари БРИКС як локомотиви тавонои равандҳои рушди ҷаҳонӣ ва таъсиси чандқутбаи ҳақиқӣ мебошад.
Вай илова кард, ки бисёре аз давлатҳо ва созмонҳо барои ба роҳ мондани муколама ва пайвастан ба кори СҲШ талош доранд.
Вай таъкид, ки аъзоёни СҲШ бояд аризаҳои кишвар ва созмонҳое, ки мехоҳанд ба ин СҲШ пайванданд ё ҳамкорӣ кунанд, бодиққат баррасӣ намоянд.
"Бо пурзӯр шудани нуфузи СҲШ таваҷҷуҳ ба фаъолияти он аз ҷониби дигар давлатҳо ва сохторҳои байналмилалӣ меафзояд, аксари онҳо талош доранд, ки бо созмони мо муколамаи баробар ба роҳ монда, ба кори он ҳамроҳ шаванд", - гуфт ӯ.
Роҳи сулҳ дар Украина
Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин зимни суханрониаш аз сарони СҲШ барои пешниҳодҳояшон дар мавриди ҳалли низоъ дар Украина изҳори сипос кард.
Путин дар суханронии худ аз омодагии Маскав барои ба инобат гирифтани пешниҳодҳои онҳо таъкид кард.
Путин аз тарҳи пешниҳодии Русия барои ҳалли мусолиматомези низоъ дар Украина ёдовар шуд.
"Ҳамкасбони мӯҳтарам, мо аз иштирокчиёни Созмони ҳамкории Шанхай барои пешниҳодҳои онҳо оид ба ҳалли ин низоъ дар Украина изҳори сипос мекунем", - гуфт Путин.
Сулҳу субот дар Афғонистон
Президенти Русия, афзуд, ки Маскав ба аз сар гирифтани фаъолияти гурӯҳи кории СҲШ-Афғонистон пуштибонӣ мекунад ва бовар дорад, ки ин иқдом барои ба эътидол овардани вазъ дар Афғонистон мусоидат мекунад.
"Мо медонем, ки Созмони ҳамкориҳои Шанхай ба таври анъанавӣ дар ҳалли мушкилоти Афғонистон саҳм дорад ва вазъ дар ин кишварро баррасӣ мекунад, - гуфт Путин.
Равобит бо Ғарб ва ҷаҳони бисёрқутбӣ
Кишвардори Русия қайд кард, ки ҷаҳони бисёрқутбӣ воқеияти имрӯза аст.
Вай илова кард, ки доираи кишварҳое, ки аз тартиботи одилонаи ҷаҳонӣ ҷонибдорӣ мекунанд, васеъ шуда, марказҳои нави қудрат ва рушди иқтисодӣ мустаҳкам мешаванд.
"Дунёи бисёрқутбӣ ба як воқеият табдил ёфтааст, ки як тартиботи одилонаи ҷаҳониро ҷонибдорӣ мекунанд ва омодаанд аз ҳуқуқҳои қонунии худ ва арзишҳои анъанавии худ ҳимоя кунанд. Ҳоло марказҳои нави қудрат ва рушди иқтисодӣ пурзур мешаванд." гуфт дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои СҲШ Путин.