Беларус дар нишасти Остона расман узви СҲШ шуд

Сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай қарорро дар бораи шомилшавии ҷумҳурӣ имзо карданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 4 июл — Sputnik. Дар нишасти сарони Созмони ҳамкориҳои Шанхай дар Остона Ҷумҳурии Беларус узви комилҳуқуқи ин созмон шуд.
Дар суханронии ифтитоҳии худ раисҷумҳури Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев нақши ин созмонро дар арсаи байналмилалӣ қайд кард.
"СҲШ ба яке аз сохторҳои бонуфузтарин ва таъсирбахши байналмилалӣ табдил ёфтааст, ки ба шарофати нотакрор ва иқтидори бузурги ҳайати мо таваҷҷӯҳ ба он дар ҷаҳон мунтазам меафзояд", - таъкид кард Тоқаев.
Имрӯз дар нишасти Остона дар бораи тавсеаи минбаъдаи созмони мо тасмими муҳим қабул мешавад, идома дод ӯ.
Тоқаев, ки раиси ин форум аст, бахусус ҳамтои белорусиаш Александр Лукашенкоро табрик гуфт.
Маскав умед дорад, ки Душанбе мавқеъашро дар бораи гурӯҳи СҲШ-Афғонистон нарм мекунад
"Кишвари шумо дар як муддати кӯтоҳ тамоми қадамҳои заруриро дар самти узвият дар Созмони ҳамкориҳои Шанхай анҷом дод, дар сурати мавҷуд набудани эътироз пешниҳод мекунам, ки ҷаласаро бо маросими имзои ҳуҷҷатҳо оид ба қабули Ҷумҳурии Беларус оғоз намоед", - гуфт Тоқаев.
Ҳама сарони давлату ҳукуматҳо, ки дар нишасти Остона ширкат доштанд, созишнома дар бораи қабули Ҷумҳурии Беларус ба кишварҳои узви СҲШ-ро имзо карданд.
Беларус 10-умин узви СҲШ гардид.