Пешгирӣ аз гардиши доллару сомониҳои қалбакӣ дар Душанбе

Дар пойтахти Тоҷикистон ахиран ду нафаре боздошт шуд, ки ба сохту вориди пулҳои қалбакӣ аз ҷумла доллари ИМА ва сомонӣ машғул буданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 1 июл — Sputnik. Пулиси шаҳри Душанбе сокини 27 солаи пойтахтро боздошт намудааст, ки барои ба муомилот баровардани асъори қалбакии доллари амрикоӣ гумонбар дониста мешавад.
Ба иттилои Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе номбурда асъори қалбакии доллари амрикоиро тавассути як нафар ҳаммаслакаш аз хориҷи кишвар ба Тоҷикистон ворид намуда, бо мақсади ба даст овардани маблағи муфт онро ба муомилот баровардааст.
“Гумонбаршаванда бар ивази маблағи қарз ба як нафар ҷавони сокини пойтахт 11-адад пули коғазии 100-доллараи қалбакӣ пардохт намуда, ӯро фиреб кардааст”, - таъкид намудааст манбаъ.
Пулиси Душанбе қайд кардааст, ки баъди дастгир гардидан, зимни кофтуков аз ҷайби номбурда 21-адад пулҳои коғазии 100-доллараи қалбакӣ дарёфту мусодира карда шуданд.
Сокини Душанбе барои ба муомилот баровардани ҳазорҳо доллару еврои қалбакӣ боздошт шуд
Айни замон номбурда дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, нисбаташ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.
Ҳамчунин чанде пеш пулиси шаҳри Душнабе аз боздошти марди 51 сола хабар дод, ки ба сохтан, тайёр ва ба муомилот баровардани асъори қалбакӣ – сомонӣ гумонбар дониста мешавад.
Ба иттилои Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ин шахс қаблан 3-маротиба суд шуда, беш аз 25-соли умри худро дар маҳбас сипарӣ карда бошад ҳам, вале хулосаи зарурӣ набароварда, ба чунин ҷинояти махсусан вазнин даст задааст.
Ҳоло нисбати мард низ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, ӯ ҳоло ба ҳабс гирифта шудааст.