ДУШАНБЕ, 30 июн — Sputnik. Сардори Раёсати гумруки минтақаи Урали Русия Алексей Фролов дар дидо бо Муовини сардори Раёсати минтақавии Хадамоти гумрук дар вилояти Суғди Тоҷикистон Фарҳод Зикруллоев таъкид кардааст, ки табодули коло миёни вилоятҳои Урал бо корхонаҳои Тоҷикистон тақвият меёбанд.
“Мо афзоиши хурд, вале дар айни замон муътадилро дар савдои байни ҳамдигар мебинем. Мақомоти гумруки ҳарду кишвар бояд ёварони рушди бозорҳои нав шаванд, аз ин рӯ мо бо ҳамкорони тоҷикистонӣ мустақиман тамос гирифта, хусусиятҳои назоратро дар кишварҳои худ баррасӣ мекунем”,-таъкид кард ӯ.
Қайд карда шудааст, ки мавзӯи асосие, ки дар дидор баррасӣ шудааст, ин масъалаи назорати гумрукӣ ва фитосанитарии меваю сабзавот мебошад.
Ба гуфтаи муовини сардори Раёсати минтақавии Хадамоти гумрук дар вилояти Суғди Тоҷикистон Фарҳод Зикруллоев, ҷумҳурӣ аз аввали сол ба Русия ба маблағи 8,1 млн доллар ё 4,5 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот кардааст, ки нисбат ба соли 2023 дар ҳаҷми 2,4 млн доллар бештар аст.
Дар минтақаи Урал вазъ дигар аст. Имсол аз Тоҷикистон ба ин минтақа меваю сабзавот содирот нашудааст, вале ба ин ҷумҳурӣ аз ин минтақаи Русия бархе аз навъи молҳо воридот шудааст.
Дар набати худ ҷониби Тоҷикистон дар ин мулоқот қайд кардааст, ки Русия барои Тоҷикистон шарики муҳими стратегӣ аст.
“30%-и маҳсулот ба бозори Тоҷикистон аз Русия ворид мешавад. Ҳамчунин афзоиши интиқоли мол аз Тоҷикистон ба Русияро қайд мекунем”, - таъкид кард Фарҳод Зикруллоев.
Намояндаи гумруки Тоҷикистон илова кардааст, ки ҳамкориҳои хадамоти гумрукӣ бояд тақвият дода шаванд.