ДУШАНБЕ, 28 июн - Sputnik. Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим ахиран дар як маҷлис қайд кардаааст, ки дар тӯли 30 соли охир дар соҳаи нақлиёт ба маблағи зиёда аз 1,8 млрд доллар 53 лоиҳаи гуногунҷабҳаи сармоягузории давлатӣ, аз ҷумла сохтмону таҷдиди роҳҳои автомобилгард ва роҳи оҳан, бунёди иншооти онҳо ва лоиҳаҳои таҳкимбахшии иқтидорҳои техникии соҳа амалӣ гардид.
“Дар доираи ин лоиҳаҳо сохтмон, таҷдид ва таъмири 2183 км роҳ, 237 пул, 2 чорроҳаҳои сесатҳа ва 2 дусатҳа, 5 нақби мошингузар, 3,4 км долонҳои зиддитармавӣ, инчунин 218,95 км хатти роҳи оҳан, 5 пулу 3 нақби қаторагузар бунёду таҷдид ва 601 техника ва таҷҳизоти роҳнигоҳдорӣ харидорӣ гардиданд”, қайд кард ӯ.
Вай таъкид кардааст, ки дар ин муддат ҳазорҳо километр роҳу шоҳроҳ ва пулҳо тибқи меъёрҳои байналмилалӣ бунёд шуданд, ки дар натиҷа Тоҷикистони сепорча ба як қаламрави воҳид мубаддал гардида, аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо ёфт.
“Солҳои охир барои баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум як силсила барномаҳои сармоягузории давлатӣ таҳия ва қабул гардида, дар онҳо ба соҳаҳои энергетика, нақлиёт, коммуникатсия, маориф, тандурустӣ ва кишоварзӣ афзалият дода шуд”, - гуфт ӯ.
Вай илова кард, ки имрӯзҳо дар соҳаи нақлиёт 10 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи умумии 623,2 млн. доллар мавриди татбиқшавӣ қарор доранд.