Рӯзи Ваҳдати миллии Тоҷикистон: аз ҷанг то сулҳ

Ҷашни Ваҳдати миллӣ – яке аз идҳои асосии давлатӣ дар Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Sputnik
Ҳамасола 27- уми июн дар Тоҷикистон ҷашни Ваҳдати миллӣ бо шаҳомати хос ҷашн гирифта мешавад.
Тоҷикистон имсол 27-умин солгарди Рӯзи Ваҳдаташро таҷлил мекунад.
Иди Ваҳдати миллӣ тибқи фармони президенти Тоҷикистон тасвиб шуда, дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 майи соли 1998 дар бораи “Рӯзҳои ид” ва моддаи 83-и Қонуни меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда шудааст.

Дар ин рӯз дар ҳама ҷо мусиқӣ, баромади дастаҳои эҷодӣ, мусобиқаҳои варзишӣ ва ярмаркаҳои озуқаворӣ кушода мешаванд.
Ҷашни Ваҳдати миллиро на танҳо дар қаламрави Тоҷикистон қайд мекунанд, балки дар тамоми кишварҳое, ки дар он ҷо тоҷикон умр ба сар мебаранд, ҷашн гирифта мешавад.

Таърихи ид

Чун ин ҷашн дар Тоҷикистон бисёр муҳим аст, аз ин рӯ бо қарори парлумони миллӣ он ҳамчун рӯзи истироҳатӣ эълон шудааст.
Ваҳдати миллӣ аз хотима ёфтани ҷанги хунини шаҳрвандӣ (1992-1997), ки тӯли панҷ сол давом ёфт, дарак медиҳад.
Аз тавсифи Раҳмон ва Нурӣ то наҷоти Гулрухсор: суҳбати Акаев дар бораи ҷангу сулҳ - видео
Пас аз имзои созишномаи сулҳ, раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон рӯзи ҷашни Ваҳдати миллиро муқаррар намуд.
Иди Ваҳдати миллӣ барои наслҳои ҷавон нишон медиҳад, ки бар ивази чи қадар азобу ранҷ дар кишвар сулҳу субот барқарор гардид ва минбаъд барои устувор нигоҳ доштани он пайваста бояд талош намуд.
Ҷашни мазкурро ба хотири он иди Ваҳдати миллӣ ном ниҳоданд, ки он аз иттиҳоди мардуми тоҷик, аз сарҷамъии тамоми сокинони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дарак медиҳад. Ин ҷашни муттаҳидии ҳамаи бошандагони Тоҷикистон аст.

Тоҷикистон чӣ гуна ба ваҳдат расид

Қатлу куштору ғорат ва низоъҳои шадиди дохилӣ садҳо ҳазор сокини кишварро дар нахустин солҳои ин ҳаводис ба муҳоҷирати дохиливу хориҷӣ кашонд.
Бино ба маълумоти СММ танҳо тайи соли 1992 муҳоҷирони иҷбории дохилӣ тахминан ба 1 млн нафар ва дар давлатҳои ИДМ ба 195 ҳазор нафар мерасид.
Танҳо давоми солҳои 1992 то 1994 ин муноқишаҳо миллиардҳо доллар хисорот, даҳҳо ҳазор қурбонӣ ва ҳазорон оиларо гурезаву бесаробон ва бехонаву бе ҷою макон карданд.
Ҳамзамон дар пайи ташдиди низоъҳо миёни минтақаҳои кишвар ва дахолати хориҷиён хатари нобудшавиии кишвар пеш омада буд.
Ба андешаи сиёсатшинос Абдунабӣ Сатторзода: “Нияти ташкили Ҷумҳурии Бадахшон, кӯшиши таълифи Қонуни асосии Ҷумҳурии Бадахшон, бастани роҳҳо ва таркондани пулҳои мошингузар дар шимоли кишвар, ҳамлаи мусаллаҳона ба вилояти Суғд аз хоки кишвари ҳамсоя, эълони Ҷумҳурии исломии Ғарм ва ғайра гувоҳи равшан бар он мебошанд”.
Достиев: чаро Хуҷанд, на Хоруғ, ту аз куҷоӣ кай сар шуд ва зӯргӯии роҳбарон
Ба гуфти таҳлилгарон низои дохилӣ миллатро ба нобудӣ мекашонид ва дар лаҳзаҳои ҳассос гурӯҳҳо дарк карданд, ки кор ба марзи ислоҳнопазирӣ наздик мешавад ва дар ҳамин ҳол манфиатҳои миллиро аз шахсӣ боло дониста, барои гуфтугӯи дарёфти сулҳ омода шуданд, ки он аз иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд соли 1992 оғоз гардид.
“Натиҷаи ҳамин боло гирифтани дарки ҳифзи манфиъатҳои миллӣ дар ҷомеъаи тоҷик буд, ки мо ба шарофати он ба дарёфти оштии миллӣ ва сулҳу салоҳ, ризоят, оромиву осудагӣ, озодии баён ва эътиқод, чандандешӣ, низоми бисёрҳизбӣ, таъсиси ниҳодҳои демократӣ ва шаҳрвандӣ рӯ овардем, - мегӯяд сиёсатмадор Абдунабӣ Сатторзода, ки шоҳиди айнии раванди гуфтугӯҳо буд.
Ба таъкиди ӯ, идомаи муқовимати мусаллаҳона дар Тоҷикистон на танҳо ба манфиати тарафҳои даргир набуд, балки ба нафъи геополитикии Русия, Эрон ва кишварҳои дигар, ки аз ягон ҷиҳат ин ва ё он тарафи тоҷиконро дастгирӣ мекарданд, низ рост намеомад.
“Дар ин бора Евгений Примаков, сардори вақти хадамоти амниятии Русия, ки барҳақ яке аз поягузорони асосии музокироти сулҳи тоҷикон ба шумор меравад, дар китобаш "Солҳое, ки дар майдони сиёсати бузург будам" дар фасли ҷудогонае зери унвони "Роҳҳои ҳалли оштии тоҷикон (Аз Аҳмадшоҳ то Нурӣ)" ба таври фош бо овардани далелҳои мантиқӣ таъкид намудааст, ки "идомаи минбаъдаи вазъи номуътадил дар Тоҷикистон ҳам барои Русия ва ҳам барои Эрон манфиъат надошт ва ба ҷуз музокирот чораи дигаре набуд", - афзудааст Сатторзода.
Муҳаққиқ Иброҳим Усмонов, яке аз ширкаткунандагони раванди сулҳ, мегӯяд, "ҷойи баҳс нест, ки агар худи тоҷикон намехостанд, ... дар Тоҷикистон сулҳ ҳанӯз барқарор намешуд".
Нахустин гуфтугӯ миёни тими ҳукумат ва мухолифин барои музокирот аз моҳи апрели соли 1994 дар Маскав оғоз шуд. Бо гузашти ҷанд давр дар Алма-Ато, Теҳрон, Ашхобод, Исломобод ва ахиран дар Маскав нерӯҳои мухолифин ва ҳукумат куллан ба мувофиқа расиданд.
Маҳз 27- уми июни соли 1997 дар Кремли шаҳри Маскав дар нӯҳумин гуфтушуниди сулҳ Эмомалӣ Раҳмон - раисиҷумҳури Тоҷикистон ва Саид Абдуллоҳи Нурӣ, раҳбари Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷик Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллиро имзо карда, ба ҷанги панҷсолаи дохилӣ хотима доданд.
Дар ин рӯзи муҳим қалби Маскав – Кремл ҳамчун мавзеи баҳамоии ду ҷониб дарҳояшро ба рӯи онҳо боз кард ва ба ин восита дар таърихи халқи тоҷик ҷои худро пайдо кард. Бояд гуфт, ки дар ин макон тарафҳо ҳайати фронти халқии Тоҷикистон ва намояндагони Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷик 9 маротиба барои гуфтушунид бо ҳам омада буданд.
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Навори таърихӣ: Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми имзои созишнома дар Бишкек - видео
Мувофиқи созишномаи баимзорасида, ҳамаи маҳбусони ҷангӣ озод карда шуда, иштирокчиёни сиёсии ин ҷангро низ озод намуда, амнияти онҳо кафолат дода шуд.
Илова бар ин , 30 дарсади курсиҳои ҳукуматро, аъзоёни мухолиф аз худ намуданд. Ҳамчунин ҷангиёни қувваҳои мухолифин ба артиши ҷумҳурӣ шомил гардиданд.
Дар авохири соли 1998 бошад, ҳамаи гурезаҳои тоҷик аз кишвари ҳамсояи Афғонистон боз пас оварда шуданд.

Расидан ба сулҳ роҳи осон набуд

Ба имзо расонидани истиқрори сулҳи тоҷикон дар Кремл бори 9-ум амалӣ гардид. Гуфтушунидҳо дар бораи созишномаи сулҳ алакай дар соли 1994 оғоз шуда буданд. Дар ин гуфтушунидҳо аз ҷониби Русия роҳбари ҳукумати вақтӣ Виктор Черномирдин, роҳбари якуми Вазорати умури хориҷаи Русия Андрей Козирев ва мудири вақтии хадамоти иктишофии хориҷӣ Евгений Примаков иштирок карда буданд.
Яке аз шоҳидони воқеаҳои солҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон, ҷойнишини Вазири корҳои хориҷаи Тоҷикистон Худойберди Холиқназаров вазъро чунин шарҳ дод.
“Дар он вақт барои мо аз ҳама муҳим бо ҳар роҳе, ки набошад хомӯш намудани оташи ҷанги шаҳрвандӣ буд. Аммо дар аввал барои ҳама ба як қарор омадан хело душвор буд. Ин кор на танҳо аз роҳбарони ҷонибҳо вобаста буд, балки аз қумандонҳои мухолифин ва қумандонҳои ба ном саҳроӣ – дар ин ё он риштаи мудофиа, низ вобаста буд”, - ёдовар мешавад Холикназаров.
Ҳамин тариқ новобаста аз мушкилиҳои мавҷуда тарафҳо тааҳҳуд карданд, якдигарро бахшида ва як кишвари озоду демократие хоҳанд сохт, ки "дар он озодии сухан, виҷдон, интихобот ва имконоту шароити баробари иқтисодию тиҷоратӣ барои тамоми шаҳрвандон, новобаста ба дину мазҳаб, ҳизбият ва забон фароҳам бошад".

Кремл ҷои баимзорасонии созишномаи истиқрори сулҳ шуд

Дар моҳи декабри соли 1996 ҷонибҳо ҳуҷҷатеро ба имзо расониданд, ки ба кори ояндаи амалӣ намудани истиқрори сулҳ дар Тоҷикистон таъсири ниҳоӣ гузошт.
Санадҳои зарури якчанд моҳ пеш то мулоқот таёр ва аз тарафи ҷонибҳо омӯхта шуда буданд. Дар Кремл фақат гуфтушуниҳои ниҳоӣ ва имзои онҳо сурат мегирифт.
Навори таърихӣ: Имзои санад дар бораи хатми ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон 24 сол пеш
Албатта, ки ин гуфтушуниҳо бе бавуҷудоии вазъи ногувор ба поён намерасиданд. Масалан ба гуфтаи Иброҳим Усмонов якчанд рӯз пеш то нуқтаи ниҳоӣ намояндагони мухолифин бо талаби ҳал намудани масъалаи озоднамоии баъзе намояндагонашон аз зиндонҳо аз имзо гузоштан даст кашиданд. Аммо инҷо ҳам ин масъала ҳали худро ёфт.
Ҳамин тариқ рӯзи дигар ҳарду ҷонибро дар фурудгоҳи Душанбе бо гулчанбарҳо пешвоз гирифтанд.

Онҳо ба кишвар сулҳ оварданд ва онро нигоҳ доштанд

Дар масъалаи дастрасӣ ба мусолиҳаи миллӣ ҳусни ният, садоқат, ватанхоҳӣ ва миллатдўстии сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбари неруҳои мухолифини Тоҷикистон Саид Абдуллои Нурӣ хеле муассир буд.
Раванди сулҳи тоҷикон рўйдоди душвор, вале муҳими сиёсие буд, ки сарнавишти миллати тоҷикро муайян намуда, заминаи муттаҳидӣ ва якпорчагии онро фароҳам сохт ва киштии давлатдории тоҷиконро аз ғарқшавӣ наҷот дод.
"Далели аслии комёб шудани оштигарии СММ дар Тоҷикистон ин буд, ки талошҳои оштихоҳонаи он созмон бо манофеъи миллии худи тоҷикон ва кишварҳои Русия ва Эрон, ки дар ҳалли ихтилофи тоҷикон ҳамсуд буданд, созгор омад", — мегӯяд профессор Абдунабӣ Сатторзода.
Умуман сулҳе, ки дар Тоҷикистон бо душвориҳои зиёд, бар ивази хуни ҳазорон ҳамватанони мо ба даст омадааст, дар миқёси умумиҷаҳонӣ руйдоди беназир ва намунаи ҳалли мухолифат ва низоъҳои миллию хонаводагӣ, ки имрўз дар гӯшаву канори гуногуни олам ба назар мерасанд, эътироф шудааст.

Натиҷаи ҷангу ваҳдат

Талхиҳои ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон (солҳои 1992-1997) дар хотираҳои ҳамагон боқӣ мондаанд ва даҳшаттарин рӯзҳо барои мардуми тоҷик ва кишвари Тоҷикистон дониста мешаванд.
Дар ҷараёни ҷанги дохилӣ, ки баҳори соли 1992 миёни нерӯҳои исломию демократ аз як ҷониб ва "Фронти халқӣ" аз ҷониби дигар шурӯъ шуда панҷ сол идома кард, ҳудуди 150 ҳазор нафар кушта ва беш аз 1 миллион нафар муҳоҷир шуданд.
Зарари иқтисодии ин ҷанг дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 10 миллиард доллари амрикоиро ташкил дод.
Таҷрибаи анҷоми ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон дар дигар низоъҳо истифода мешавад
Ба имзо расидани "Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон" мамлакатро аз таҳдиди нестшавӣ ва мардумро аз парокандашавӣ нигоҳ дошт.
Ҳамакнун имрӯз дар кишвар аз 24-умин солгарди ин сана таҷлил мекунанд.
Ба андешаи профессор Абдунабӣ Сатторзода, барои он ки аз таҷрибаи нодири сулҳи тоҷикон сабақҳои даркорӣ гирифта бошем ва дигар ба иштибоҳоте, ки солҳои 1990-ум карда будем, роҳ надиҳем, онро бояд ҳамаҷониба омӯхт ва дар мактабу донишгоҳҳо омӯзонд.