ДУШАНБЕ, 27 июн – Sputnik. Ҳоло арзиши гази моеъ яке аз серистифодатарин маводи сӯхт дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ дар навоҳии Суғд 5,5 – 5,2 сомонӣ буда, назар ба ду моҳи қабл то 1,5 – 1,8 сомонӣ поён гуфта мешавад.
Дар шаҳри Хуҷанд, маркази маъмурии Суғд бахши аъзами нақлиёти мусофиркашонӣ бо гази моеъ ҳаракат мекунанд.
Ширкатҳои мусофиркашонӣ одатан қимати роҳкироро ба нархи сӯзишворӣ рабт медиҳанд. Ҳоло суоли матраҳ ин аст, ки чаро бо поёншавии нархи сӯзишворӣ арзиши роҳкиро тағйир намеёбад?.
Хабарнигори Sputnik Тоҷикистон барои дарёфти посух ба ин суол ба чанде аз ширкатҳои мусофиркашонии Суғд муроҷиат кард.
Дар ширкати мусофиркашонии “Maxim” дар шаҳри Хуҷанд гуфтанд, онҳо аз рӯи нархнома амал мекунанд, ки дар як соли пеш мураттаб шуда он вобаста аст ба ҳама намуд маводи сӯхт.
“Нархномаи мусофиркашонӣ дар ширкат барои ҳар як км 1,2 сомонӣ муқаррар шудааст. Ин нархнома як сол ба ин тараф амал мекунад ва бо вуҷуди баланд шудани то ин замон қимати роҳкиро тағйир дода нашуд. Дуруст аст, ки бештари худравҳо бо гази моеъ ҳаракат мекунанд, аммо барои нархгузорӣ бояд дигар навъҳои сӯзишворӣ ва ҳам қисмҳои эҳтиётиро ба инобат гирифт, ки нархашон як сол ба ин тараф қариб ки поён нашудааст” – шарҳ додан дар ширкати “Maxim”.
Ҳоло дар тоблуҳои ширкатҳои фурӯши сӯзишворӣ (АЗС) дар навоҳии Суғд дида мешавад, ки нисбат ба моҳҳои қаблӣ ба ҷузъ гази моеъ арзиши дидар навъ маводи сӯхт ҳам як каме поён шудааст
Бензини АИ 92 – 10,2 сомонӣ
Бензини АИ 95 – 10,6 сомонӣ
Сӯзишвории дизелӣ ё солярка – 10,6 сомонӣ
Чанде қабл қимати чунин маводи сухт то 11 -12,2 сомонӣ дакка зада буд.
Поёни соли 2022 роҳкирои хизматрасонии нақлиёти ҷамъиятӣ аз ҷумла микроавтобусҳои мусофиркашонӣ то 20% боло рафта 2,5 сомонӣ муқаррар шуд. Роҳкирои мусофирбарҳои байнишаҳрӣ ҳам ҳамин тариқ гарон шуд. Он замон масъулони идораи роҳу нақлиёти Суғд тағйирёбии роҳкироро ба болоравии қимати маводи сӯхт (асосан дизел) шарҳ медоданд.
Тағйирёбии нархи анвои гуногуни сӯзишворӣ, масъулони ширкатҳои мусофиркашониро беш аз пеш ба он водор мекунад, ки сатҳи рақобатпазирӣ ва муштариёни худро ҳифз кунанд. Рақобатварзии солим бе поён бурдани нархи хизматрасонӣ ғайриимкон хоҳад буд.