ДУШАНБЕ, 26 июн — Sputnik. Вазири дифои Тоҷикистон Шералӣ Мирзо бо ҳамтои белорусии худ Виктор Хренин суҳбати телефонӣ анҷом дод.
Дар ин бора дафтари матбуоти Вазорати дифои Белорус хабар додааст.
"Вазирони дифоъ масъалаҳои омодагӣ ба ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони дифои кишварҳои узви ИДМ, ки 3 июли соли равон дар Минск баргузор мешаванд, баррасӣ намуданд", - омадааст дар хабар.
Бояд қайд кард, ки ҷаласаи Шӯрои вазирони дифои кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил рӯзи 3 июл дар Минск баргузор мешавад.
Дар ин ҷаласа масъалаҳои кунунии ҳамкориҳои бисёрҷонибаи низомӣ баррасӣ хоҳанд шуд.
Ёдовар мешавем, ки соли гузашта дар Тула ҷаласаи Шӯрои вазирони дифоъи кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузоргардида буд.
Дар ҷараёни мулоқот як қатор масоили муҳими ҳамкорӣ дар бахши низомӣ ва низомию техникӣ баррасӣ карданд.
Илова бар ин, вазирони дифои кишварҳои узви Иттиҳод Давлатҳои Мустақил дар бораи вазъи низомию сиёсии ҷаҳон табодули назар хоҳанд карданд.
Дар ҷаласаи ахир вазирони дифоъи Русия, Арманистон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Беларус ширкат намуданд.