ДУШАНБЕ, 26 июн – Sputnik. Давоми шаш моҳи соли ҷорӣ дар вилояти Суғд 126 мавриди сироятёбӣ ба ВНМО ба қайд гирифта шудааст. Дар ин бора директори Маркази пешгирӣ ва мубориза бо бемории ВНМО дар вилояти Суғд, Абдумавлон Абдуллозода ба Sputnik Тоҷикистон иттилоъ дод.
“Дар 93 ҳолат мардон ва дар 33 ҳолат занон ба ВНМО сироят шудаанд” – гуфт, манбаъ.
Табиби тоҷик изҳор намуд, ки ин рақам дар муқоиса ба ин давраи соли қаблӣ 24 ҳолат камтар аст. Давоми шаш моҳи соли гузашта, 150 ҳодисаи мубталошавӣ сабт гардида буд.
Табибон дар Суғд маълум намудаанд, ки аз ҳама бештар бо роҳи алоқаи ҷинсӣ ва нақшъаманди тазриқӣ сокинон ба ин беморӣ гирифтор шудаанд. Дар 5 ҳолат сироятёбии кӯдак аз модар ҳам маълум шудааст.
Тибқи омори расмӣ ҳарчанд ҳолатҳои мубталошавӣ ба ВНМО давоми шаш моҳи соли ҷорӣ дар Суғд кам гуфта мешавад, аммо дар ин давра омори фавт бештар шудааст.
Бино ба Маркази пешгирӣ ва мубориза бо ВНМО дар Суғд давоми шаш моҳи соли ҷорӣ 36 нафар фавтидаанд, ки ин рақам дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 10 ҳолат зиёд будааст.
Давоми шаш моҳи соли ҷорӣ беш аз 180 ҳазор сокини Суғд ба ташхиси ройгони сайёр, ки он бо кӯмаки техникии Федератсияи Русия роҳандозӣ шудааст фаро гирифта шудаанд. Ҳадаф аз роҳандозии ин кор иттилоотонӣ ва ташхиси саривақтии сокинон арзёбӣ мекунанд.
Бар пояи иттилоъе, ки барои Sputnik Тоҷикистон ироа гардид, алҳол дар ҷумҳурӣ 12079 нафар бо ВНМО ба сар мебаранд. Аз ин шумора 493 нафар дар ВМКБ, 2376 нафар дар НТМ, 2718 нафар дар вилояти Суғд, 3753 нафар дар вилояти Хатлон ва 2739 нафар дар шаҳри Душанбе гуфта мешавад.