Ҳушдори КҲФ аз боронгариҳои шадид ва хатари омадани сел, резиши санг

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар додааст, ки дар бархе минтақаҳои ҷумҳурӣ хатари омадани сел, резиши санг дар роҳҳои кӯҳӣ ва ярч боқӣ мемонад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 25 июн — Sputnik. Тибқи маълумоти обуҳавошиносон рӯзҳои 24-26 июни соли 2024 хатари омадани сел, резиши санг дар роҳҳои кӯҳӣ ва ярч боқӣ мемонад, иттилоъ додааст Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, 27-28 уми июн дар саросари ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда боқӣ монда, рӯзҳои 27-28 –уми июн ҳавои тираи олуда ба чангу хок дар назар дошта шудааст, дар як қатор ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон борон меборад.
КҲФ аз аҳолие, ки дар доманакӯҳҳо ва ноҳияҳои кӯҳӣ истиқомат мекунанд ва сайёҳоне, ки нақшаи сафар бо роҳҳои кӯҳӣ доранд, даъват кардааст, ки эҳтиёткор бошанд.
Ҳарорати аз меъёр баланд: Ҳушдори обуҳавосанҷони тоҷик аз гармои тоқатфарсо
“Кумита ба сокинон тавсия медиҳад, ки то ҳадди имкон аз сафарҳо ба минтақаҳои хатар, ҷамъоварии ҳезум ва доруворӣ худдорӣ кунанд”,- хоҳиш кардааст КҲФ.
Ҳамзамон Кумита аз аҳолӣ хоҳиш мекунад,ки ҳангоми ҳаракат аз тариқи роҳҳои кӯҳиву ағбаҳо эҳтиёткор бошанд.
Аз аҳолӣ хоҳиш карда шудааст, ки сари вақт селроҳаҳо, ҷӯву каналҳои назди хонаҳои худро аз ҳар гуна хасу хошоку сангу рег тоза намоянд.