ДУШАНБЕ, 24 июн — Sputnik. Ҳамгироии саноатӣ ва муҳити бехатар ва бидуни монеа дар тиҷорат - ҳадафу дастовардҳо дар стандартҳои байнидавлатӣ дар ИИАО мебошад, мегӯяд вазири танзими техникии КИАО Валентин Татаритский.
"Тавассути стандартҳо, бахусус стандартҳои байналмилалӣ, мо метавонем бо дигар иттиҳодияҳо ҳамгироӣ ва гуфтугӯ кунем ва ин забони муошират барои ҳама фаҳмо аст", - қайд кард Валентин Татаритский.
"Стандартҳои байнидавлатӣ (ГОСТ) муҳимтарин василаи фароҳам овардани муҳити бехатар, ҳалли маҷмӯи васеи масъалаҳои ҳамкориҳои саноатӣ ва рушди иқтидори содиротӣ, инчунин аз байн бурдани монеаҳои техникӣ дар тиҷорат дар ҳудуди АвруОсиё мебошанд", - гуфт ӯ.
Валентин Татаритский дар бораи рушди низоми танзими техникии ИИАО, корҳо дар бораи гузариш ба сиёсати ҳамоҳангшуда дар соҳаи стандартизатсия ва дурнамои рушди он то соли 2030 сухан гуфт.
"Ман итминон дорам, ки аҳамияти ҷиддӣ ба стандартизатсияи байнидавлатӣ бояд ҳам аз сӯи кишварҳои узви ИИАО ва ҳам аз сӯи кишварҳои узви ИДМ дода шавад", - қайд кард вазири ЕЭК.
Ба гуфтаи вай, стандартизатсия “ҳамчун раванди муқаррар кардани талаботи техникӣ нисбат ба маҳсулот, корҳо ва хизматрасониҳо барои истифодаи минбаъдаи онҳо ба таври ғайримустақим дар қонунгузории Иттифоқ ворид карда шудааст”.
Валентин Татаритский аҳамияти дар сатҳи зарурӣ нигоҳ доштани талаботи стандартҳо, бахусус байнидавлатиро таъкид кард.
Ӯ инчунин изҳори итминон кард, ки фаъол гардонидани савдои мутақобила бо кишварҳои СҲШ ва БРИКС, ба ҳам овардани муқаррароти санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи танзими техникӣ, аз ҷумла стандартизатсияро тақозо мекунад.