Рустам Эмомалӣ ҳамлаҳои террористӣ дар Доғистонро ваҳшиёна номид

Раиси шаҳри Душанбе ва раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба унвони раиси Шӯрои федератсияи Русия барқияи изҳори тассалӣ равон кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 24 июн — Sputnik. Рустами Эмомалӣ раиси шаҳри Душанбе ва раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барқияҳои изҳори тассалӣ ба раиси Шӯрои Федератсия Русия Валентиа Матвиенко ва раиси Дума-и давлатии ин кишвар Вячеслав Володин ирсол намуд.
Дар ин бора дафтари матбуоти раиси шаҳри Душанбе хабар додааст.
Рустами Эмомалӣ дар барқияи худ навиштааст, ки хабари марги даҳҳо нафар бар асари як ҳамлаи террористӣ дар Ҷумҳурии Доғистон ӯро сахт андӯҳгин кардааст.
“Аз номи худ ва аз номи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон ба Шумо, инчунин, ба ҳамаи наздикону пайвандони кормандони ҳифзи ҳуқуқ ва шаҳрвандони осоиштае, ки дар натиҷаи ҳамлаҳои ваҳшиёнаи террористӣ дар шаҳрҳои Махачқалъа ва Дарбанд ба ҳалокат расиданд, тасаллияти амиқ баён мекунам”, - қайд кардааст Рустам Эмомалӣ.
Раиси шаҳри Душанбе ба ҷароҳатбардоштагону осебдидагон шифои оҷилро таманно намудааст.
Изҳори ҳамдардии Раҳмон ба Путин
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш раисҷумҳури Тоҷикистон ба ҳамтои рус Владимир Путин барқияи изҳори тассалӣ равон кард, ки дар он ҳамлаи террористӣ дар Доғистонро қатъиян маҳкум кард.
Шаби 23 июн дар шаҳрҳои Дарбанд ва Махачқалъаи Ҷумҳурии Доғистони ҳамлаи маргбори террористӣ сурат гирифт.
Ба гузориши Вазорати корҳои дохилии Русия афроди ношинос ба як каниса ва калисои Дербент ва ҳамчунин ба посгоҳи пулиси роҳ дар Махачқалъа ҳамла карданд.
Тибқи иттилои мақомот, дар пайи ин ҳамалот дастикам 17 нафар, аз ҷумла 15 афсари пулис кушта шуданд.