Трамп ваъда дод, ки муноқишаи Украинаро қабл аз савгандёдкунӣ ҳал хоҳад кард

Дар сӯҳбат бо тарафдоронаш ин бори аввал нест, ки раисиҷумҳури пешини ИМА ваъда медиҳад, ки дар сурати пирӯзӣ ихтилофи Русия ва Украинаро ҳал хоҳад кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 23 июн — Sputnik. Президенти пешини ИМА Доналд Трамп гуфт, ки агар ӯ дар интихобот пирӯз шавад, ба низоъ дар Украина ҳатто пеш аз оғози расман ба мақоми раиси маъмурият расидан хотима хоҳад дод.
Вай дар ин бора дар як гирдиҳамоӣ дар Филаделфия (Пенсилвания) изҳор дошт.
Суханронии ӯро портали Times Now дар YouTube пахш кардааст, хабар медиҳад РИА "Новости".
"Ман муноқишаи даҳшатбор байни Русия ва Украинаро пеш аз шуруи маъмурият, чанде пас аз пирӯзӣ дар интихоботи президентӣ ҳал мекунам",- гуфт Трамп.
Илова бар ин, сиёсатмадор ваъда дод, ки метавонад ҷанги сеюми ҷаҳониро пешгирӣ кунад.
Қаблан раиси пешини Кохи Сафед борҳо гуфта буд, ки дар сурати пирӯзӣ дар интихобот, метавонад дар тӯли ҳамагӣ 24 соат ихтилофи миёни Русия ва Украинаро ҳал кунад.
Трамп ИМА-ро партовгоҳ номиду ваъдаи ҳалли низои Русияу Украинаро дод
Котиби матбуотии раисиҷумҳури Русия Дмитрий Песков дар шарҳи ин суханон қайд кард, ки мушкил барои чунин ҳалли одӣ хеле печида аст.
Худи Владимир Путин соли гузашта омодагии Трампро барои ҳалли мушкилоти доғ, аз ҷумла бӯҳрони Украина дар чанд рӯз мусбат арзёбӣ карда буд.
Ба гуфтаи раисҷумҳури Федератсияи Русия, "ин моро хурсанд накарда наметавонад, ин хуб аст".
Ҳамзамон вай изҳори шубҳа кард, ки ҳар гуна натиҷаи интихоботи Амрико ба равобити Амрикову Русия таъсир хоҳад гузошт.
Интихоботи президентии ИМА 5 ноябр баргузор мешавад. Рақиби аслии Трамп раҳбари кунунии давлат Ҷо Байден хоҳад буд. Қарор аст, маросими савгандёдкунии президент 20 январи соли 2025 баргузор шавад.