ДУШАНБЕ, 22 июн — Sputnik. Гурӯҳҳои террористӣ нуфузи худро дар Афғонистон тақвият медиҳанд ва хатари ба даст овардани аслиҳае, ки артиши ғарбӣ дар ин кишвар гузоштааст, вуҷуд дорад.
Дар ин бора намояндаи доимии Русия дар СММ Василий Небензя изҳор дошт, дар ҷаласаи Шӯрои Амнияти СММ.
Ба гуфтаи ӯ, Федератсияи Русия аз фаъолияти террористии гурӯҳи "ДОИШ-Хуросон* (бахши созмони байналмилалии террористии "Давлати исломӣ*, ДОИШ*) нигарон аст.
"Бо вуҷуди кӯшишҳои мақомот, террористон дар кишвар нуфузи худро тақвият дода, дидаву дониста вазъро бо анҷом додани амалҳои террористӣ ба ларза меоранд, барои мо равшан аст, ки худро ҳамчун як қувваи алтернативӣ нишон дода, суботро дар Афғонистон ва минтақа халалдор мекунанд",- афзуд вай.
Намояндаи Русия мегӯяд, бо дарназардошти миқдори аслиҳаи низомиёни ғарбӣ дар ин кишвар, хатари ба дасти ҷангҷӯён афтодан ва паҳн шудани онҳо дар минтақа ва берун аз он комилан воқеӣ шуда истодааст.
Дипломати Русия қайд кард, ки мушкили маводи мухаддир бо терроризм робитаи зич дорад - талошҳои Толибон** дар ин ҷо низ кофӣ нестанд
Қаблан маълумоте пайдо шуд, ки "ДОИШ - Вилояти Хуросон"** соли гузашта Украинаро ҳамчун як нуқтаи транзитӣ истифода кардааст.
Дар ин бора Томас Ҳалденванг, раиси Идораи федеролии дифоъ аз Қонуни Асосии Олмон, ки ба вазифааш фаъолияти зидди ҷосусӣ дохил мешавад, изҳор дошт.
Созмон барои аъмоли террористӣ таҳти таҳримоти СММ аст.
Созмони террористӣ, ки фаъолияташ дар РФ ва РТ манъ аст.