ДУШАНБЕ, 21 июн — Sputnik. Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон пешниҳод кард, ки як Маркази вокуниши башардӯстонаи Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) таъсис ва дар вилояти Хатлони Тоҷикистон ҷойгир карда шавад.
Вазири хориҷаи Тоҷикистон ин пешниҳодро дар ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви СПАД дар Алмаато матраҳ кард.
"Тоҷикистон пешниҳод мекунад, ки Маркази вокуниши башардӯстонаи СПАД дар вилояти Хатлон таъсис дода шавад", - гуфт вазир.
Вай ҳамчунин қайд кард, ки Душанбе ҷиддитарин чолиш барои кишварҳои Осиёи Марказиро “тарғиби идеологияи харобиовари радикализми динӣ” медонад.
Дар ин робита вазир аз пешниҳоди раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ташаккули низоми ҳифзи фазои иттилоотии СПАД ёдовар шуд ва оғози омӯзиши ин иқдом аз сӯи коршиносонро зарур шуморид.
Илова бар ин, вазир дар бораи омодагии Тоҷикистон барои баргузории размоиши СПАД "Ҳудуд - 2024" дар соли 2024 таъкид кард.
Қаблан котиби матбуотии Ситоди муштараки СПАД Владислав Шегрикович, гуфта буд, ки дар Тоҷикистон вобаста ба ташкили ин машқҳо гуфтушуниди ситодҳо сурат гирифт.