ДУШАНБЕ, 21 июн — Sputnik. Баъди пурра ба кор даровардани Неругоҳи барқи обии "Роғун" тақрибан 70% нерӯи барқи тавлидшуда ба кишварҳои Осиёи Марказӣ содирот мешавад.
Дар ин бора Далер Ҷумъа, вазири энержӣ ва захираҳои оби Тоҷикистон дар нишасти вазирони энержии кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой дар Остона хабар дод.
Ба гуфтаи вай Тоҷикистон аллакай бо кишварҳои Осиёи Марказӣ аз ҷумла Узбекистон ва Қазоқистон меморандумҳо дар бораи содироти барқ ба имзо расонидааст.
"Тоҷикистон, ки дорои иқтидори бузурги гидроэнергетикӣ мебошад, сохтмони НБО-и Роғунро бо иқтидори муқарраршуда 3780 МВт идома медиҳад. Нерӯгоҳи Роғун на танҳо амнияти энергетикии Тоҷикистонро таъмин хоҳад кард, балки имкони содиротиро ҳам медиҳад. Бояд гуфт, ки 70% барқи тавлидшуда дар ин нерӯгоҳ, барои қонеъ гардонидани талаботи рӯзафзуни кишварҳои минтақа, содирот хоҳад шуд", - гуфт ӯ.
Вазир қайд кард, ки "алакай ёддоштҳои ҳамкорӣ дар бораи рушди робитаҳои энергетикӣ байни Тоҷикистон, Узбекистон ва Қазоқистон ба имзо расидааст, ки содироти нерӯи барқ аз нерӯгоҳи Роғунро дар назар дорад".
Вай ҳамчунин афзуд, ки ҷумҳурӣ барои афзоиши содироти нерӯи барқ ба кишварҳои Осиёи Марказӣ талош хоҳад кард.
Нерӯгоҳи барқи обии Роғун дар 110-километрии шаҳри Душанбе дар рӯдхонаи Вахш воқеъ аст. Ин иншоот бузургтарин нерӯгоҳи барқи обӣ дар минтақа ба ҳисоб меравад.
Сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун, ки тарҳи техникии он дар замони шӯравӣ таҳия шуда буд, соли 2016 оғоз ёфт.
Моҳи ноябри соли 2018 агрегати якуми иншоот ба истифода дода шуд, агрегати дуюм моҳи сентябри соли 2019 ба кор даромад. Дар маҷмӯъ насби 6 чарха ба нақша гирифта шудааст, ки иқтидори лоиҳавии ҳар кадоми онҳо 600 МВт мебошад.
Аз рӯи лоиҳаи тасдиқшуда сарбанди неругоҳ то 335 метр баланд бардошта мешавад.,
Ба гуфтаи Далер Ҷумъа, ду агрегати неругоҳи барқи обӣ, ки аллакай ба кор андохта шудаанд, беш аз 7 миллиард киловатт/соат нерӯи барқ тавлид кардаанд.