ДУШАНБЕ, 21 июн — Sputnik. Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки дар моҳи июли соли равон барномаи Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) барои таҳкими марз бо Афғонистон ба имзо расад.
Дар ин бора Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷаи Тоҷикистон зимни нишасти Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви СПАД дар Алмаато баён дошт.
"Имрӯз бо қабули қарори Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ раванди музокироти ёздаҳсола дар бораи таҳияи барномаи мақсадноки байнидавлатии СПАД роҷеъ ба таҳкими марзи Тоҷикистону Афғонистон ба поён мерасад. Тоҷикистон дархост менамояд, ки пешниҳодҳои Шӯрои амнияти СПАД дар ин масъала дар давоми моҳи июл ба имзо расад", - гуфта Сироҷиддин Муҳриддин зимни суханрониаш дар ин ҷаласа.
Моҳи феврал дар як нишасти матбуотӣ Сироҷиддин Муҳриддин гуфт буд, ки барнома қарор буд соли 2023 ба имзо мерасид, аммо ин раванд то соли 2024 ба таъхир уфтод.
Моҳи март Имангалӣ Тасмагамбетов, дабири кулли СПАД дар мусоҳиба бо хабаргузории ТАСС гуфта буд, ки тарҳи ин барнома аз сӯи Шӯрои доимии СПАД тасвиб шудааст ва таъкид кард, ки раҳбарияти ду узви ин созмон - Қирғизистон ва Тоҷикистон, аз хатарҳое, ки аз Афғонистон таҳдид мекунад, огоҳ мебошанд”.