Ғурфаи ширкатҳои ватаниро асосан моли кишоварзӣ ва масолеҳи дуредгариву оҳангарӣ пур карда буд. Нонҳои боллазати хуҷандӣ ҳам аз растаҳои дигари Намоишгоҳи байнулмиллалии “Суғд - водии имкониятҳо” буд, ки пуртаваҷҷӯҳу серхариддор буд.
Бештари хориҷиёни иштирокдорони Намоишгоҳ, барои худ аз ин ҷо нони тоҷикӣ мегирифтанд.
Барои иштирок дар намоишгоҳ байналмиллалии савдо “Суғд – 2024” беш аз 600 молик ва намояндаи ширкатҳои хориҷӣ аз ҷумла роҳбарият ва намояндагони Палатаи савдо ва саноати Федератсияи Россия, вилоятҳои Нижегород, Москва, Свердловск, Пенза, Липетск, Челябинск ва Воронеж ба шаҳри Хуҷанди Тоҷикистон ташриф оварданд.
Ғурфа (павилён) и ширкатҳои соҳибкорони хориҷӣ асосан мошинолоти саноӣ аз қабили автобусҳои мусофирбарӣ, асбобу таҷҳизотҳои маишӣ, муҳаррикҳои барқӣ, қубурҳои пластикии лозим барои обёрии хоҷагии қишлоқ, мебел, панелҳои офтобӣ иборат буд.
Хабарнигори Sputnik Тоҷикистон ба Намоишгоҳи “Суғд – водии имкониятҳо” рафт ва ҷараёни баргузории онро ба дурвини худ сабт намуд.
Бо мақсади иштирок дар Форуми байналмилалии савдо "Суғд-2024", ки қарор аст, рӯзҳои 18-19 июн дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд баргузор мешавад, беш аз 500 нафар меҳмонон аз дохил ва хориҷи кишвар ташриф оварданд.
Андар Раҳмонӣ, масъули Хадамоти матбуоти ҳукумати вилояти Суғд ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки дар ин чорабинии муҳими иқтисодӣ сафирони кишварҳои уркия, Ӯзбекистон, Арабистони Саудӣ, Озарбойҷон, Ҷопон, Эрон, Беларус, Туркманистон, Словакия, Лаҳистон, Покистон, Федератсияи Россия, Қирғизистон, Қазоқистон низ иштирок доранд.
Ярмаркаи байналмиллалии “Суғд – водии имкониятҳо” бори даҳум аст, ки дар Хуҷанд баргузор мешавад.
Коршиносон баргузории онро барои рушду густариши савдо миёни ширкатҳои ватанӣ ва хориҷӣ муҳим арзёбӣ мекунанд.
Намоишгоҳи “Савдо Суғд -2024” то рӯзи 19 июн идома мекунад. Қарор аст, дар поёни кори он як қатор санадҳои ҳамкорӣ миёни ширкатҳо ба имзо расонида шавад.