Ихроҷи муҳоҷирони меҳнатӣ аз Русия ду баробар афзоиш ёфт

Дар доираи марҳилаи якуми амалиёти “Нелегал 2024” дар Русия дар бахши муҳоҷират беш аз 50 ҳазор ҳуқуқвайронкуниҳо ошкор карда шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 19 июн — Sputnik. Аз аввали соли 2024 беш аз 30 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ аз Русия ихроҷ карда шуданд.
Дар ин бора намояндаи Вазорати корҳои дохилии Русия Ирина Волк хабар дод.
Вай тавзеҳ дод, ки тамоми муҳоҷирони ихроҷшуда қонунгузории муҳоҷиратии Русияро нақз кардаанд. Ин рақам дар муқоиса бо соли 2023 тақрибан ду баробар афзоиш ёфтааст.
"Дар маҷмӯъ, аз аввали сол беш аз 30 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ аз кишвар ихроҷ карда шуданд. Пулис вуруди 100 ҳазор хориҷиро ба қаламрави Русия манъ кардааст, ки ин нисбат ба як соли пеш 55% бештар аст", - навиштааст вай дар Telegram канал.
Хонум Волк афзуд, ки дар чаҳорчӯби марҳилаи аввали амалиёти "Нелегал 2024", ки аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Русия гузаронида мешавад, дар як ҳафта беш аз 50 ҳазор қонуншиканӣ дар бахши муҳоҷирати меҳнатӣ ошкор шудааст.
Матвиенко аз кор сари қонунгузории муҳоҷират гуфт: Русия бе муҳоҷирон феълан наметавонад
Ҳамзамон, ҳудуди 9 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ аз Русия ихроҷ карда шуд. Беш аз 6 ҳазор корфармо барои ғайриқонунӣ ҷалб намудани шаҳрвандони хориҷӣ ба кор ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуданд.
Ҳамчунин, ҳудуди ду ҳазор парвандаи ҷиноии вобаста ба ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва бақайдгирии қалбакии муҳоҷирон боз шудаааст. Ҳамчунин беш аз 150 нафаре, ки таҳти пайгарди қарор доштанд, пайдо ва боздошт шудаанд.
Намояндаи расмии ВКД таъкид кард, ки назорат аз болои корфармоён пурзӯр карда шуд ва дар натиҷа, дар моҳҳои январ-майи соли 2024 пешниҳоди огаҳинома ба ВКД аз сӯи корфармоён дар бораи бастани шартномаи меҳнатӣ ё шаҳрвандӣ бо шаҳрвандони хориҷӣ ё шахсони бешаҳрвандӣ 40% афзоиш ёфт.