ДУШАНБЕ, 19 июн — Sputnik. Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон хабар додааст, ки аз хориҷи кишвар як гурӯҳи ҷинояткорони интернетӣ ба мардумфиребӣ машғул буда, бо истифода аз имкониятҳои технологияи навин рақамҳои телефони мобилии шаҳрвандонро дастрас намуда, бо онҳо дар тамос мешаванду, дар хусуси ба садама ва дигар фоҷиа гирифтор шудани фарзандонашон хабарҳои бардурӯғ мерасонидаанд.
“Бо истифода аз таъсиррасонии равонӣ ба боварии шаҳрвандон даромада, аз онҳо гӯё барои табобати фарзандонашон маблағҳои калони пулӣ талаб кардаанд”, - қайд кардааст ВКД.
Ба иттилои манбаъ, се нафар сокинони шаҳри Душанбе ҳаммаслакони ин ҷинояткорон дар шаҳри Душанбе дастгир карда шуданд.
“Давоми чанд рӯзи охир як зумра шаҳрвандони Тоҷикистон дар бораи мардумфиребии афроди ношинос ба мақомоти милитсия муроҷиат намудаанд, ки аз рӯйи шаклу усули содиршавӣ, ҳамаи онҳо яксон мебошанд”, - хабар додааст ВКД.
Мақомоти интизомӣ қайд кардааст, ки ин гурӯҳ барои амалигардонии мақсадҳои ҷиноятиашон шаҳрвандони Тоҷикистонро ба худ ҷалб намуда, барои интиқол додани маблағҳои пулӣ онҳоро вазифадор намудаанд.
Ба ин тартиб ВКД ду сокини ашҳри Душанберо дастгир кард, ки онҳо тавассути саҳифаи иҷтимоии "Телеграмм" бо ин гурӯҳи ҷиноятӣ дар тамос буда, ба ҳайси интиқолдиҳанда ба истилоҳ "курер" ба онҳо ёрӣ мерасонаданд.
Номбурдагон ба иттилои манбаъ аз се шаҳрванд беш аз 40 ҳазор долларро қабул намуда, тавассути ҳамёни электронӣ ба хориҷи мамлакат интиқол додаанд.
Ҳамчунин як духтар сокини шаҳри Душанбе дастгир карда шуд. Ӯ низ дар се ҳолат аз ҷабрдидагон, дар умум зиёда аз 22 ҳазор долларро гирифта, тавассути хизматрасониҳои бонкӣ маблағҳоро ба хориҷи мамлакат фиристодааст.
ВКД аз шаҳрвандон хоҳиш кардааст, ки ба ҳар гуна зангҳои афроди ношинос ва хабарҳои бардурӯғи онҳо бовар накунанд. Агар бо чунин шакл мавриди фиреб қарор гирифтаанд, ба мақомоти милитсия муроҷиат намоянд.