Дар вилояти Суғд Форуми байналмилалии савдо "Суғд-2024" ифтитоҳ гардид.
Ба иттилои хабарнигори Sputnik Тоҷикистон, барои иштирок дар Форум, роҳбарият ва намояндагони Палатаи савдо ва саноати Федератсияи Россия, вилоятҳои Нижний Новгород, Москва, Свердловск, Пенза, Липетск, Челябинск ва Воронеж ба шаҳри Хуҷанди Тоҷикистон омадаанд
Маврид ба зикр аст, бори даҳум аст, ки чнин форуми байналмилалии тиҷоратӣ дар Суғд баргузор мешавад.
Андар Раҳмонӣ, масъули Хадамоти матбуоти ҳукумати вилояти Суғд ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки дар ин чорабинии муҳими иқтисодӣ сафирони кишварҳо низ иштирок доранд.
"Сафирон ва намояндагони корпусҳои дипломатии Туркия, Ӯзбекистон, Арабистони Саудӣ, Озарбойҷон, Ҷопон, Эрон, Беларус, Туркманистон, Словакия, Лаҳистон, Покистон, Федератсияи Русия, Қирғизистон, Қазоқистон ба вилоят ташриф оварданд” – гуфт, Раҳмонӣ.
Иштироки ҳамаи меҳмонон ва доираҳои тиҷоратии кишварҳои зикршуда рӯзҳои 18 - 19 июн дар Форуми "Имкониятҳои тиҷоратию сармоягузорӣ" ва маросими ифтитоҳи даҳумин Ярмаркаи байналмилалии савдо "Суғд-2024" дар назар дошта шудааст.